Ҳой мардҳо, бо занҳо сари як миз нанишинед!

Вазири наҳй аз мункари толибҳо нишастани марду занро канори як миз хилофи усул ва асосҳои дини ислом донист.

Шайх Муҳаммад Холид, вазири амр ба маъруф ва наҳй аз мункари ҳукумати нав дар Афғонистон нишастани зану мардро канори як миз номақбул хонд, хабар дод Sputnik Афғонистон.

Манабаъ мегӯяд, ки  шайх Холид ин изҳоротро дар нишасте дар вилояти Балх баён доштааст.

Вазири ҳукумати нав дар Афғонистон бо баёни ин ки толибҳо мухолифи таълим ва омӯзиши духтарҳо нестанд, илова намудааст, ки нишастани як мард ва як зан канори як миз ҷоиз нест.

«Ин хилофи усули динӣ ва боварҳои мардуми мост. Агар ҷаҳон ва кишварҳои ғарбӣ ба ҳамин хотир моро зери фишори сиёсӣ ва иқтисодӣ қарор додаанд, мо ҳич гоҳ аз усули дини хеш намегузарем», — илова намудааст вазири толиб.

Манбаъ зикр намудаст, ки пас аз тасаллути толибҳо ба қудрат дар Афғонистон макотиби духтарона масдуд шуда, занони корманди идораҳои давлатӣ низ хонашин гардиданд.

Вазорати умури занон дар бист соли охир ва ҳамзамон бо ишғоли Афғонистон аз сӯи Амрико таъсис шуда буду фаъолият дошт, аз сӯи толибҳо барҳам дода шуд.

Номи Вазорати умури занон ба Вазорати амр ба маъруф ва наҳй аз мункар табдил дода шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *