Генерали Толибон кӯдакро таҷовуз кард

Ин амали зишт симои ҳақиқии Толибонро нишон дод. Нишон дод, ки Толибон ба ҷуз зулму таъадиву бачабозиву хушунату риё дигар кореро балад нестанд. Дар сурате, ки як генерал, як нафари шинохта, як нафаре ки мехоҳад ба мардуми ин сарзамин ҳукуматдорӣ кунад, даст мезанад ба таҷовузи кӯдаки ноболиғ. Ва чаро Толибон сар аз тани чунин генералони муттаҳаму фосиқ ҷудо намекунанд, то ҷомеа пок бошад? Ё Толибон мехоҳанд, ки бо ҳамин роҳ ба мардум дарси ислом омӯзанд?

Марбут ба ҳамин ҳавзаи дувоздаҳуми амниятӣ алайҳи генерал Мубин ба қумандони амниятии Кобул шикоят дарҷ кардааст.

Алайҳи генерал Мубин, чеҳраи телевизионии Толибон оид ба ин рафтори нангини генерал шикоят дарҷ шудааст ва номаи расмие ба нашр расидааст, ки ин амали зиштро тасдиқ мекунад, -иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон дар истинод ба шабакаи “Афғонистон Интернешнал”.

Ин нома аз сӯйи ҳавзаи дувоздаҳуми амниятӣ ба қумандони Кобул фиристода шудааст.

Дар он гуфта шудааст, ки генерал Мубин, дар 9-уми ақраб як писари хурдсолро дар минтақаи Арзонқимати Кобул таҷовузи ҷинсӣ кардааст.

Ҳавзаи дувоздаҳуми амниятӣ ин номаро ба унвони “мавзуи ҳассос” ба қумандони амниятии толибон дар Кобул ирсол карда ва аз генерал Мубин ба унвони “як мақоми шинохташудаи иморати исломӣ ном бурдааст”.

Магар ин аст асосҳои он давлату он диндориву он мусулмониву иморати исломӣ?

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *