Толибон сомонию долларро ҳам манъ карданд…

Ҳукумати Толибон (дар Тоҷикистон мамнӯъ) рузи сешанбе эълом кард, истифода аз асъори хориҷӣ дар Афғонистон манъ аст.

Ин иқдоми ногаҳонии Толибон чанд соат пас аз он анҷом гирифт, ки рӯзи 2-юми ноябр камиаш 25 нафар дар ҳамлаи мусаллаҳона ба калонтарин бемористони низомӣ дар Афғонистон кушта шуданд.

Дар баёния Толибон, ки сухангӯи ин гуруҳ дар ихтиёри расонаҳо гузошт, омадааст, «шароити иқтисодӣ ва манфиатҳои миллӣ тақозо мекунад, ки ҳамаи афғонҳо дар додуситадҳои рузонаи худ аз пули миллӣ истифода кунанд».

Истифода аз доллари амрикоӣ дар бозорҳои Афғонистон бисёр роиҷ аст. Дар шаҳрҳои марзии Афғонистон низ умуман пули кишварҳои ҳамсоя, монанди пули миллии Покистон барои хариду фурӯш истифода мешавад.

Афғонистон миллиардҳо доллар дороӣ дар хориҷ, аз ҷумла Бонки марказии Амрико ва кишварҳои аврупоӣ дорад, аммо аз замони сарнагунии ҳукумати пешин ба дасти Толибон, дороиҳои онҳо ҳабс шудааст.

Аз чор се ҳиссаи хароҷоти Афғонистонро Амрико ва дигар ниҳодҳои байналмилалӣ таъмин мекарданд ва бо хуруҷи онҳо аз Афғонистон, ҳамаи ин кумакҳо қатъ шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *