“Ҷанг” дар Фахробод, 6 кишвар иштирок доранд

Дар тамрингоҳи Фахрободи Тоҷикистон машқҳои муштараки воҳидҳои вижаи Нерӯҳои дастҷамъонаи вокуниши сареъи Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ “Кобальт-2021” оғоз ёфт. Дар ин бора дафтари матбуоти Округи марказии ҳарбӣ (CVO) хабар додааст. Дар машқҳои мунтазами СПАД низомиёни Русия, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва мувофиқан Тоҷикистон ширкат мекунанд. Ин тамрин 17 ноябр оғоз шуда, то 19 ноябр идома хоҳад кард. Дар ҷараёни ин чорабиниҳо низомиён тарҳрезӣ ва баргузории амалиёти нобудсозии ҷангҷӯёнро, ки дар ҳайати нерӯҳои вижаи СПАД фаъолият мекунанд, таҳия мекунанд. Дар марҳилаи фаъоли тамринот низомиён амалиёти муҳосира ва ҳамла ба биноеро, ки ҷангҷӯён шартан тасарруф кардаанд, бо истифода аз чархболҳо ва таҷҳизоти фаннии иктишофӣ анҷом медиҳанд.

Машқҳои СПАД дар қаламрави Тоҷикистон ба далели вазъи ноором дар Афғонистони ҳамсоя зуд-зуд баргузор мешаванд. Аз 18 то 23 октябр дар наздикии марз бо Афғонистон машқҳои вижаи «Эшелон-2021», «Ҷустуҷӯ-2021» ва «Муомила-2021» баргузор шуданд. Сипас, гурӯҳи Нерӯҳои дастаҷамъии СПАД амалиёти маҳаллисозии муноқишаи сарҳадии марбут ба кӯшиши вуруди террористони байналмилалӣ ба қаламрави Тоҷикистонро таҳия карданд.
Рӯзи 15 август Толибон (ташкилоти террористӣ дар Русия мамнӯъ) дар пасманзари хурӯҷи нерӯҳои амрикоӣ аз ин кишвар тамоми қаламрави Афғонистонро таҳти назорат гирифтанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *