Ҳомии забону фарҳанги тоҷик дар Бухоро даргузашт

Асад Гулзодаи Бухороӣ – шоир, забоншинос ва рӯзноманигори тоҷики муқими Бухоро аз олам даргузашт.  Ӯ яке аз пуштибонҳои забону фарҳанги тоҷикӣ дар Ӯзбекистон буд.

Тибқи маълумоти дарёфтгардида  Асад Гулзодаи Бухороӣ 88 сол дошту солҳои охир дар Амрико зиндагӣ мекард. Ҳафтаи гузашта аз Амрико ба Ӯзбекистон баргаштааст. Маросими видоъ бо Асад Гулзодаи Бухороӣ имрӯз, 29 май дар зодгоҳаш гузашта, соати 10  ба хок супориданд.

Ёдрас мекунем, ки Асад Гулзода барои нигоҳдошт ва эҳёи забону фарҳанги тоҷикӣ ва бедории тоҷикони Ӯзбекистон хидматҳои бузург кардааст. Асад Гулзода соли 1935 дар деҳаи Шавгони ноҳияи Пешкӯи вилояти Бухоро ба дунё омада, мактабро дар зодгоҳаш ва Донишгоҳи омӯзгориро дар Душанбе хатм кардааст.  

То соли 1968 дар мактабҳои тоҷикии вилояти Бухоро, то соли 1955 дар бахши тоҷикии Ширкати телевизиону радиошунавонии вилояти Бухоро фаъолият дошт.

Маҷмӯаҳои шеъраш бо номҳои “Насими Бухоро”, “Хатти пешонӣ”, “Бухоро”, “Шукуфаҳои Бухоро”, “Намози рӯи барг”, “Нафаси баҳор”, “Гули мурод”, “Арзи сипос”, “Паёме аз Бухоро” ва куллиёти ашъораш дар 4 ҷилд таҳияву дар Душанбе, Бухоро, Тошканд ва Теҳрон ба чоп расидаанд.

Асад Гулзода аз соли 2003 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *