Дар Суғд амалиёти «Кӯкнор-2023» мегузарад

Аз 1-уми июн то 3-юми ноябри соли ҷорӣ дар ҳудуди вилояти Суғд амалиёти «Кӯкнор-2023» гузаронида мешавад. Дар ин бора хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Бино ба гузориши мазкур барои ташкили кор, назорат ва ҳамоҳангсозии мақомоти дахлдор Ситоди вилоятии амалиёти «Кӯкнор-2023» ташкил гардидааст. Барои гузаронидани амалиёт гурӯҳҳои фаврию ҷустуҷӯӣ таъсис дода мешавад.

Хабар дода мешавад, ки идораҳои дахлдор баҳри пешгирии сӯиистеъмоли маводи нашъаовар ва ҷиноятҳои вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор вазифадор гардида, шуроҳои ҳамоҳангсозӣ доир ба пешгирии сӯиистеъмоли маводи нашъаовар миёни аҳолӣ чорабиниҳои умумии пешгирикунанда, таблиғотӣ ва омӯзишӣ мегузаронанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *