Аз таҳти дил бихандед!
Барнома
Зану шавҳар бо ҳам ҷанг мекунанд, дашномҳои болохонадорашон ба гӯши ҳамсояҳо ҳам мерасад. Баногаҳ занги дар садо медиҳад. Писараке дар погаҳи дар пайдо шуда, мегӯяд:
– Мебахшед, падару бобоям донистан мехоҳанд, ки чунин барномаи аҷибро аз кадом шабакаи телевизион тамошо карда истодаед?
Ихтисос
Ду рафиқ:
– Ба кадом донишгоҳ дохил шуданиӣ?
– Ба донишгоҳи тиббӣ.
– Зӯр-ку! Ман бошам, ҳуҷҷатҳоямро аллакай ба донишкадаи байторӣ супоридам. Вақте диплом гирифтем, якдигарамонро бемалол муолиҷа кардан мегирем, чӣ гуфтӣ?
Автобус
– Ба Гулистон кадом автобус меравад?,- пурсид мўйсафед аз ҷавоне.
– Шасту ҳафтум,- ҷавоб дод ҷавон.
Баъди чанде ҷавон дид, ки мўйсафед ҳоло ҳам дар истгоҳ нишастааст. Ў ҳайрон шуда, пурсид:
– Ҳоло ҳам нарафтед, бобо?
Мўйсафед гуфт:
– О, нав панҷоҳта автобус гузашт, бачем.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ