Ҳушдор ба муҳоҷироне, ки ба Британияи Кабир мераванд

Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ба шаҳрвандон ҳушдор дод, ки ҳангоми сафар ба Британияи Кабир ба доми қаллобон наафтанд.

Ин ниҳод мегӯяд, ки барои ҷустуҷӯи кор дар хориҷа ба мақоми ваколатдор муроҷиат кунанд. Зеро ширкате, ки иҷозатнома надорад, ба фоидаи кор нахоҳад буд.

Хадамоти муҳоҷират ҳамчунин аз шаҳрвандон даъват мекунад, ки зимни ҷустуҷӯи кор дар хориҷа беҳтараш ба онҳо муроҷиат кунанд. Дар назди Хадамот шӯрои машваратӣ амал мекунад, ки ба шаҳрвандон дар интихоб ва фиристодан ба кор ба дигар кишварҳо, аз ҷумла ба Британияи Кабир кумак мерасонад.

Ин дар ҳолест, ки чанде пеш мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар аз боздошти роҳбари ширкати “Даври Истиқлол” Иброҳим Аҳмадов хабар дод, ки бо роҳи фиреб ва ваъдаи бо кор таъмин кардан дар Британияи Кабир аз даҳҳо шаҳрвандони Тоҷикистон пул гирифтааст. Ширкат барои фаъолият дар Тоҷикистон иҷозатнома низ надоштааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *