Ҳушдори Бонки миллӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон (аудио)
Қаллобоне пайдо шудаанд, ки бо истифода аз номи ширкати «Газпром» шаҳрвандони Тоҷикистонро фиреб медиҳанд.
Дар робита ба ин, Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, ки гурӯҳи қаллобон дар наворҳои видеоии худ зикр менамоянд, ки гўё Раиси раёсати ширкати «Газпром» дар якҷоягӣ бо парлумони ҷумҳурӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии кишвар барномаи микро сармоявиро оғоз намудаанд. Барномаи мазкур баҳри ба даст овардани фоида тавассути сармоягузорӣ ба бозорҳои фондӣ, асъорӣ ва ғайра нигаронида шудааст ва аз шаҳрвандони мо барои соҳиби маблағи калон шудан дар аввал интиқоли маблағро аз онҳо талаб менамоянд.
Бонки миллии Тоҷикистон аз шаҳрвандон даъват ба амал овардааст, ки ҷиҳати ба доми қаллобон наафтидан аз ҳамкорӣ бо шахсони ношинос худдорӣ намоянд.
Гуфта мешавад, ки гурӯҳи муташаккили қаллобони номаълум бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт аз шаҳрвандони кишвар аз номи ширкати «Газпром» дар сомонаҳои иҷтимоии «Фейсбук» ва «Инстаграм» навор паҳн менамоянд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ