сомона

Ҳукумати электронӣ кай дар мақомоти Исмоили Сомонӣ тадбиқ мешавад?

Душанбе муаррифгари Тоҷикистон аст. Зеро тамоми ҳамоишҳои сатҳи баланди сиёсӣ, фарҳангӣ маҳз дар пойтахт мегузаранд. Ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ ва Шоҳмансур низ дар ҳудуди пойтахт маскан гирифтаанд.

Вақте хостем аз дастовардҳои ноҳияҳои номбурда, тадбиқи ҳукумати электронӣ огоҳ шавем, нахуст ба сомонаҳои онҳо сар задем. Аммо сомонаи МИҲД-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ комилан кор намекунад. Ҳол он ки, ин ноҳия дар қалби пойтахт ҷой гирифта, тамоми ҳамоишҳо дар ҳаминҷо мегузаранд. Борҳо Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дастур додаанд, ки бояд тамоми мақомоти шаҳру ноҳияҳо сомонаи худро фаъол намоянд ва бо мардум наздик бошанд. Инчунин, мубодилаи ҳуҷҷатгузориҳо ва арзу шикояти шаҳрвандон бояд тариқи электронӣ сурат гирад.

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ низ пайваста барои рушд ва тадбиқи ҳукумати электронӣ талош дорад. Мегӯянд, ки ӯ дар атрофаш ҷавононеро ҷамъ овардааст, ки бохабар аз технологияҳои муосир, дорои диди тоза ва донишҳои замонавӣ ҳастанд. Аммо аз чӣ бошад, МИҲД-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ки дар қалби Душанбе ҷойгир аст, сомонааш ба ҷойи фаъол будан рӯ ба карахтӣ ниҳодааст. Аҷиб, дастовардҳои ин ноҳия дар куҷо инъикос мешуда бошанд? Агар мардум арзу шикояти электронӣ дошта бошанд, чӣ гуна ба раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва дигар масъулин мерасида бошад? Магар раиси ноҳия боре намепурсад, ки чаро сомонаи мақомот ба ин ҳол расидааст? Онҳое, ки масъули сомона ҳастанд, ё бахши иртибот бо ВАО-ро бар зимма доранд, баҳри чӣ маош мегиранд?

Умедворем, ки масъулини мақомоти ноҳия баъд аз чопи нома фавран аз пайи ҳалли нуқсони ҷойдошта мешаванд ва сомонаи мақомот як намуна хоҳад шуд.

P.S. Вақте ки ин мавод чоп мешуд, дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ тағйироти кадрӣ сурат гирифт. Ба ҷойи Шариф Самӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Руслан Қодирзода таъин гардид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *