симкорт

Ҳушдор ба 800 000. Ду бор Президент гузашт кард, дафъаи сеюм чӣ мешавад?

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 15-уми феврал муҳлати тамдидшудаи сабтиноми симкортҳо бо шиносномаи нав (пластикӣ) ба поён мерасад. Ин дар ҳолест, ки Хадамоти алоқаи Тоҷикистон мегӯяд, аз ду миллион симкорте, ки соҳибонашон онҳоро аз нав сабти ном накардаанд, 800 ҳазораш ҳанӯз фаъол ҳастанд…

Шарти қозӣ то се бор

Аз Хадамоти алоқа дар суҳбат бо “Тоҷикистон” анҷоми муҳлати сабти симкортҳоро тасдиқ карда, гуфтанд, ки агар муштариён сари вақт бо шиносномаҳои нав ба ширкатҳои мобилӣ нараванд, эҳтимол 800 ҳазор нафар аз симкортҳояшон маҳрум шаванд.

Ивази шиноснома ва сабти дигарбораи симкортҳо дар Тоҷикистон мақоли “шарти қозӣ то се бор”-ро ба ёд меорад. Зеро ин қазия таърихи қариб 10-сола дорад. Соли 2014 ба сокинони кишвар эълон шуд, ки шиносномаҳои куҳнаро ба шиносномаҳои пластикии шакли нав иваз кунанд. Вале иҷрои ин супориш борҳо тамдид шуд.

Моҳи феврали соли 2019 Ҳукумати Тоҷикистон бо қарори махсус операторҳои алоқаи мобилии кишварро муваззаф кард, ки то 15-уми августи ҳамон сол симкортҳои муштариёнро бо шиносномаи нав дубора ба қайд бигиранд. Ва ҳамчунин, ҳамон сол меъёри наве ҷорӣ шуд: бо як шиноснома ҳамагӣ 2 симкорт аз як ширкат сабти ном мешаваду халос. Вале қарори ҳукумат иҷро нашуд, зеро дар муҳлати кӯтоҳ иваз кардани шиноснома ва сабти дигарбораи симкортҳо имкон надошт. Бинобар ин, ҳукумат маҷбур шуд, ки муҳлати ивази шиноснома ва сабти дигарбораи симкортҳоро аввал то 15-уми феврали соли 2020, баъдан то 15-уми феврали соли 2022 ва билохира то 15-уми феврали соли 2023 тамдид кунад.

Вале тавре Хадамоти алоқаи кишвар хабар медиҳад, то ҳанӯз беш аз 800 ҳазор симкорти фаъол дар кишвар дигарбора ба қайд гирифта нашудааст.

Ҳушдор

Ду дафъаи аввал арзу шикояти сокинонро ба назар гирифта, бевосиста Президенти кишвар муҳлати ивази шиноснома ва бақайдгирии иловагии симкортҳоро тамдид кард. Вале дафъаи сеюм ҳам ҳукумат гузашт карда, ба мардум муҳлат медиҳад ё не, ин ҳанӯз маълум нест.

Операторони мобилӣ мегӯянд, ки аз муҳлати бақайдгирӣ огоҳанд.

“Бисёр муштариён ҳанӯз шиносномаи нав надоранд, бинобар ин, симкортҳояшонро ба номи фарзандон ё набераҳо мегузаронанд”,- мегӯяд корманди яке аз ширкатҳо.

Вале Хадамоти алоқаи кишвар ва ВКД ҳушдор медиҳанд, ки тасмими ахири мақомот ҷиддист ва 15-уми феврали соли равон симкортҳои бо шиносномаи нав ба қайд нагирифта қатъ карда мешаванд.

Муҳаммадӣ Ибодуллоев, директори фонди ҷамъиятии «Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати интернет» мегӯяд, бо далели он ки иваз намудани шиноснома танҳо ба хотири як навъ хидматрасонӣ, сабтиноми симкортҳо аст, бинобар ин, сокинон онро чандон ҷиддӣ нагирифтаанд. «Агар иваз кардани шиноснома бо мақсади гирифтани даҳҳо хизматрасонии электронии давлатӣ мебуд, дар он ҳолат, мардум мумкин худашон тезтар иваз мекарданд»,- мегӯяд ӯ.

Вале бояд гуфт, ки бонкҳо ҳам дар ин авохир бо шиносномаи куҳна хизматрасонӣ намекунанд.

Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, дар чаҳор соли ахир зиёда аз 3 миллиону 900 нафар шиносномаи намунаи соли 2014 гирифтаанд. Иқтисоддонҳо ҳисоб кардаанд, ки агар муҳлати иваз кардани шиноснома ва сабти ном тамдид нашавад, зиёда аз 2 миллион нафар тоҷикистонӣ метавонанд бе алоқаи мобилӣ монанд ва ин ба буҷети кишвар беш аз 500 миллион сомонӣ зарар хоҳад расонид…

О. СОҲИБЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *