Ромиш Неъматзода

Ҳушдори намояндаи Маркази миллии тестӣ дар вилояти Суғд

Соли равон мактабҳои вилояти Суғдро 31461 нафар хатм менамоянд.

Барои дохил шудан ба макотиби миёна ва олии Тоҷикистон, ҳоло дар 18 шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд зиёда аз 35 истгоҳи корӣ дар 16 нуқтаи бақайдгирии асосӣ ва сайёр довталабонро аз қайд мегузаронанд.

Ромиш Неъматзода, намояндаи Маркази миллии тестии назди Президенти Тоҷикистон дар вилояти Суғд мегӯяд, рӯйхати муассисаҳои таълимие, ки дар онҳо нуқтаҳои бақайдгирӣ фаъолият мекунанд, дар сомонаи ин марказ ҷой дода шудаанд.

“Муҳлати марҳалаи асосии асосии бақайдгирӣ аз 1 –уми март то  30-юми апрели соли равон муайн карда шудааст.Довталабон дар интихоби ихтисосҳо озод буда, чун солҳои пеш, то 12 комбинатсияи ихтисоси ба худ писандро танҳо аз як гурӯҳи ихтисосҳо интихоб карда метавонанд. Довталаб дар вақти бақайдгирӣ яке аз забонҳо (русӣ ва тоҷикӣ)-ро барои имтиҳон, ҳамчунин маконҳои имтиҳонсупорӣ ва фиристодани даъватномаро ихтиёран муайян мекунад. Инчунин, довталабоне, ки ихтисосҳоро аз гурӯҳҳои ихтисосҳои 2-юм (иқтисод ва география), 3-юм (филология, педагогика ва санъат) ва 4-ум (ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ) интихоб мекунанд, яке аз ин забонҳо – англисӣ/немисӣ/франсавӣ/арабиро, ҳамчун забони хориҷӣ, барои имтиҳонсупорӣ интихоб карда метавонанд”,- мегӯяд Ромиш Неъматзода.

Намояндаи Маркази миллии тестӣ дар вилояти Суғд тавсия медиҳад, ки падару модарон бояд аз интихобҳои фарзандонашон ҳангоми бақайдгирӣ ва моҳияти онҳо, бахусус аз комбинатсиҳои ихтисосҳо, муассисаҳои таълимӣ, шакл ва намуди таҳсил огаҳии кофӣ дошта бошанд.

“Чун солҳои пеш таъкид менамоем, ки эҳтимоли рух додани амалҳои ғаразноку ваъдаҳои авомфиребонаю бардурӯғ аз ҷониби қаллобон дар бобати довталабонро дохил кардан ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ вуҷуд дорад. Бинобар ин, довталабон ва волидайну дигар наздикони онҳоро зарур аст, ки дар ин масъала ҳушёру боэҳтиёт бошанд, то ки ба доми чунин қаллобон наафтанд”,- ҳушдор медиҳад Ромиш Неъматзода.

Ба таъкиди ин намояндаи Маркази миллии тестӣ, довталабон барои донишҷӯ гардидан,  бояд танҳо ба дониш ва маҳорату малакаи худ такя кунанд. Инчунин,  вақту муҳлати боқимондаро то оғози имтиҳонҳо бо истифода аз шароиту имкониятҳои муҳайёкардаи Маркази миллии тестӣ ва аз худ кардани барномаҳои таълимии мактабӣ самаранок истифода баранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *