Ҳушдори Сафорати Тоҷикистон дар Русия ба муҳоҷирон
Сафорати Тоҷикистон дар Русия ба ҳамватанон ҳушдор додааст, ки аз иштирок дар амалиёти ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои хориҷӣ худдорӣ намоянд.
Дар ин бора аз Сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар доданд.
«Зеро мутобиқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ин амал ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст»,- таъкид намуданд дар Сафорати Тоҷикистон дар Русия.
Гуфта мешавад, ки барои гирифтани маълумоти бештар шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд ба дафтари сафорат дар Москва ва консулгариҳои кишвар дар шаҳрҳои Екатеринбург, Новосибирск, Санкт-Петербург ва Уфа муроҷиат намоянд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ