Ҷӯрабек Муродов дар бораи миллат, модар ва таълими фарзанд гуфт

Дар ютубканали “AHRORI Channel” мусоҳибаи муфассал бо Ҳунарманди халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷӯрабек Муродов нашр шуд.

Дар оғози барнома ҳунарманди мардумӣ доир ба чӣ гуна будани ҳунарманд андешаашро баён мекунад:

— Дар асри 21 миллатчӣ бошем, айб аст. Бояд ҳунарманди миллат шуд, на маҳал. Бинед, вақте ки мо ба дигар давлат меравем, мегӯянд аз Тоҷикистон омадааст.

Дар давоми суҳбат илова мекунад, ки дар баробари миллати худам, дигар миллатҳоро ҳам дӯст медорам, зеро мо ҳамаамон аз Одаму Ҳаво ҳастем.

Инчунин, дар бораи бузургии модари тоҷик ва таълиму тарбияи фарзанд ҳарф зада, аз ҷумла қайд мекунад:

— Мо бисёр насиҳат мекунем, вале кам касон гӯш медиҳанд. Аслан, бояд тарбияи фарзанд на ба он шакле, ки ҳоло ҳаст, бошад. Яъне, мо ҳоло аз хурдӣ фарзандонамонро метарсонем. Вале дар китобҳо гуфта шудааст, ки то 5-солагӣ ҳамчун шоҳи хона бо ӯ муносибат кунед. Аз 5 то 15-солагӣ ҳамчун ғулом ба ӯ муносибат кунед ва пасон агар духтар бошад, чун дугона ва агар писар бошад, чун ҷӯра.

Ҳамзамон, Ҷӯрабек Муродов дар мавриди нонёбиву нонхӯрӣ аз санъат мегӯяд, ки бисёр душвор аст ва аслан ҳоло аз бисёр соҳаҳо нони ҳалолу бозаҳмат хӯрдан мушкил аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *