Масири ҳаракати 10 мусофирбар иваз мешавад

Шуруъ аз 28-уми апрели соли равон ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт дар кӯчаи Соҳилии шаҳри Душанбе боз дошта мешавад.

Дар ин бора шаҳрдории Душанбе иттилоъ дода, сабаби онро гузаронидани корҳои таъмирӣ ва васли шабакаҳои муҳандисӣ дар роҳи автомобилгарди ин кӯча ба масофаи ҳудуди ним километр гуфтааст. Ҳамчунин, муваққатан ба нақшаи хатсайрҳои мусофирбари ин масир тағйирот ворид гардидааст. Дар рӯйхати мусофирбарҳое, ки хати ҳаракаташон тағйир хоҳад ёфт, аз ҷумла хатсайри автобусии №81, микроавтобусҳои рақами 1, 3, 5А, 30, 42, 52, 57, 58, 81 ва 88 зикр гардидаанд. Ҳаракати мусофирбарҳои таҳти рақамҳои номбаршуда то ба истифода додани кӯчаи мазкур тавассути кӯчаҳои Ҷанубӣ, М. Қосимов, Фирдавсӣ, Н. Қарабоев ва Соҳилӣ ба роҳ монда мешавад.

Маврид ба зикр аст, ки бо мурури зиёд шудани теъдоди аҳолӣ ва худравҳо дар пойтахти Тоҷикистон шаҳрдорӣ ҳамасола таҷдиду бунёди роҳҳоро амалӣ мекунад. Ба бунёди роҳҳои нав дар Тоҷикистон аз ҷумла соҳибкорон низ ҷалб мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *