Ҷайҳун: Таъмини беш аз 70 омӯзгор бо замини наздиҳавлигӣ
Дар ду соли охир дар ноҳияи Ҷайҳун беш аз 70 омӯзгор бо замини наздиҳавлигӣ таъмин шуданд.
Умед Эшонзода, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ҷайҳун дар суҳбат бо Pressa.tj гуфт, ки соли 2023 ба 52 омӯзгори ниёзманд замин барои бунёди хонаи истиқоматӣ дода шуд. Ӯ афзуд, ки соли равон 19 омӯзгори муассисаи таълимӣ бо замин таъмин гардиданд.
Ба таъкиди вай, ба Мавҷуда Султонова, омӯзгори муассисаи таълимии рақами 7 бошад, хонаи истиқоматӣ иборат аз 3 ҳуҷра сохта, тақдим карда шуд.
«Ғамхорӣ нисбати омӯзгорон минбаъд низ идома хоҳад кард. Зеро дастгирии онҳо дар боз ҳам баланд гардидани сатҳи дониш мусоидат мекунад»,-гуфт ӯ.
Умед Эшонзода мегӯяд, соли 2024 дар назди ҳашт муассисаи таълимӣ 51 синфхона бунёд гардида, дорои 2500 ҷойи нишаст дар ду баст мебошад.
Ҳамчунин, имсол бинои шуъбаи маориф сохта ба истифода дода шуд. То ифтитоҳи бинои мавриди назар кормандони шуъба дар бинои иҷора фаъолият мекарданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ