Ҷаримаи 174 шахси масъул дар Хатлон. Омори хато пешниҳод кардаанд!

Дар шаш моҳи соли равон барои пешниҳоди омори хато ва бардурӯғ 174 мансабдор ва шахсони масъули ташкилоту идораҳои вилояти Хатлон ҷарима шудаанд.

Ин нукта имрӯз, 13-уми июл дар нишасти матбуотии Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон зикр шуд.

Қурбон Ҳакимзода, сардори ниҳоди болозикр гуфт, ки барои пешниҳоди маълумоти хато ва бардурӯғ роҳбарон ва шахсони масъул зиёда аз 70 ҳазору 8 сомонӣ ҷарима шудаанд. Ӯ мегӯяд, ки маблағи ҷарима пурра ба буҷет ворид карда шудааст.

— Асосан роҳбарон ва сармуҳосибон ҷарима мешаванд. Дар ноҳияҳои Шаҳритус ва Кӯшониён шахсони масъул бештар ҷарима шудаанд. Дар дигар ноҳияҳои низ ҳастанд,- афзуд ӯ.

Қурбон Ҳакимзода аз ном бурдани роҳбарони ташкилоту идораҳое, ки барои пешниҳоди омори хато ва бардурӯғ ҷарима шудаанд, худдорӣ кард.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *