Раиси Хатлон ба як профессор хона дод

Табассум Тағоева, профессори кафедраи назария ва типологияи забони англисии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав баъд аз 26 соли зиндагӣ дар хобгоҳ бо дастгирии раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода соҳиби хона шуд.

Табассум Тағоева ягона зан — доктори илми филология, профессор дар ДДБ ба номи Н. Хусрав аст. Номбурда зодаи ноҳияи Қубодиён аст. Соли 1998 дар факултаи забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав аз рӯи ихтисоси забони англисӣ таҳсил карда, баъд аз хатми донишгоҳ бо даъвати устодон дар донишгоҳ монд. Соли 2006 рисолаи номзадӣ ва соли 2018 рисолаи докторӣ дифоъ намуд. Муаллифи 3 монография ва қариб 50 мақолаи илмӣ аст.

Профессор Табассум Тағоева, ки акнун дар кӯчаи ”Дӯстии халқҳо”-и шаҳри Бохтар хонаи 3-ҳуҷрагӣ дорад, мегӯяд, ки замони таҳсил ва таълифи рисолаи илмӣ душвориҳои бехонагиро паси сар мекард ва дар хобгоҳ бо донишҷӯёни шогирдаш мезист. “Онҳо дар ҳайрат мешуданд, ки чӣ тавр муаллимаи донишгоҳ ҳамроҳашон дар хобгоҳ зиндагӣ мекунад”,- ба ёд меорад профессор. Номбурда ба раиси вилоят изҳори миннатдорӣ мекунад.

Ёдрас мешавем, ки дар ин авохир Раҳим Бобоҷонов, маъруф ба Раҳими Ғармӣ якбора ба 22 оилаи камбизоат хона туҳфа кард, ки миёни онҳо ду ҳунарманди машҳури тоҷик — Бахтиёр Раҳимов ва Гулбаҳор Ғаффорова низ буданд.

Фариза БОБОЕВА, шаҳри Бохтар

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *