Хуршед Каримзода: Қочоқ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон кам шуд

Сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон басташавии сарҳад миёни Тоҷикистону Қирғизистонро як сабукӣ номид ва гуфт, он имкон дод, ки қочоқи молу маҳсулот байни ду кишвар ба таври назаррас кам шавад ва ҳатто аз байн равад.

Хуршед Каримзода, сардори Хадамоти гумрук имрӯз, 13-уми июл дар нишасти матбуотии ниҳоди зери роҳбариаш гуфт, ки то ҳол 5 гузаргоҳи сарҳади миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон баста аст, вале тавассути кишвари сеюм молу маҳсулоти ин кишвар ба Тоҷикистон ворид мешавад.

Ӯ афзуд, молу маҳсулоти ин кишвар тавассути кишварҳои Қазоқистон ва Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ворид мешавад ва дар шаш моҳи соли равон гардиши молӣ бо Қирғизистон ҳамагӣ 6,6 млн долларро ташкил додааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 8 млн доллар кам мебошад.

Ба таъкиди роҳбари ин ниҳод, қисми асосии гардиши молӣ байни ду кишварро воридот аз Қирғизистон ташкил медиҳад, ки 6,3 млн долларро дар бар гирифтааст. Ба гуфтаи ӯ, асосан аз ин кишвар ангишт ворид шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *