Зулфия Давлатзода

Зулфия Давлатзода: “Манқурт” ба сиёсати кишвар мувофиқ набуд

Зулфия Давлатзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон зимни нишасти матбуотии ин ниҳод гуфт, ки намоиши “Манқурт. Реквием»-и коргардон Барзу Абдураззоқов бо чунин шаклу мазмун барои сиёсати имрӯзаи кишвар қобили қабул набуд ва аз ин рӯ, намоиш дода нашуд.

Давлатзода ҳамчунин афзуд, ки коргардон «аз матни асар дур рафта, онро таҳриф кардааст».

— Коргардон аз матни аслии муаллиф Чингиз Айматов дур рафта, ба он иловаҳои худро ворид ва муҳтавои асарро таҳриф кардааст. Намоиш бо чунин шаклу мазмун барои сиёсати имрӯзаи дохиливу хориҷии кишвар ва барои таълиму тарбияи насли наврас қобили қабул дониста нашуд, яъне аз ҷониби шӯрои бадеӣ пазируфта нашуд,- шарҳ дод вазири фарҳанги Тоҷикистон.

“Манқурт” аз рӯйи асари Чингиз Айтматов таҳия шудааст. Барзу Абдураззоқов оҳанги сиёсӣ доштани асарро рад мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *