Ҷасади ҷавонзане, ки худро дар дарёи Сорбоғ ғарқ карда буд, пайдо шудааст (аудио)
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании кишвар аз пайдо шудани ҷасади ҷавонзани ғарқшуда хабар дод.
— Аз ноҳияи Рашт гузориш расид, ки волидони Маҳинбону Ҳафизоваи 23-сола, ки рӯзи 6-уми августи соли равон худро дар оби дарёи Сорбоғ ғарқ карда буд, ҷасади духтарашонро 5 км поинтар аз деҳаи Поҷеи Боло пайдо кардаанд,- иттилоъ дод манбаъ.
Бояд гуфт, ки Маҳинабону рӯзи 6-уми августи соли равон баъди як муноқиша бо шавҳар ва хушдоманаш даст ба худкушӣ зада буд. Дар пайи ин ҳодиса мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шавҳари ӯ Султони Абдувоҳидро боздошт ва барои ба худкушӣ расонидани ҳамсар нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ боз кардаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ