Туркия якум, Ўзбекистон дуюм, Тоҷикистон 29-ум шуд

Бозиҳои 5-уми ҳамбастагии исломӣ дар шаҳри Қунияи Туркия бо баргузории маросими тантанавӣ ба анҷом расид.

Дар Бозиҳои 5-уми ҳамбастагии исломӣ аз рўи ҳисоби медалҳо кишвари мизбон — Туркия ҷойи аввалро гирифт. Варзишгарони мизбон сазовори 341 медал (145 тилло, 107 нуқра, 89 биринҷӣ) гардиданд. Ўзбекистон бо 51 медали тилло, 42 нуқра, 65 биринҷӣ (158 медал) дар ҷойи дуюм, Эрон бо 39 медали тилло, 44 нуқра, 50 биринҷӣ (133 медал) дар ҷойи сеюм мавқеъ гирифтанд.

Дар даҳгона ҳамчунин Озарбойҷон (99), Қазоқистон (89), Марокаш (62), Индонезия (56), Қирғизистон (32), Баҳрайн (23), Алҷазоир (42) ҷой гирифтанд. Умуман, варзишгарони 44 кишвар соҳиби медал, аз ҷумла варзишгарони 28 кишвар соҳиби медали тилло шуданд. Тоҷикистон дар ҳайати 46 варзишгар аз рўи 8 намуди варзиш дар ин Бозиҳо ширкат карда, сазовори 8 медал (3 нуқра, 5 биринҷӣ) гардид, ки дар ҷойи 29-ум қарор гирифт. Бозиҳои 6-уми ҳамбастагии исломӣ соли 2025 дар пойтахти Камерун, шаҳри Йоунде баргузор хоҳад шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *