Ҷасади Шуҳрат Исматуллоев ёфт шудааст

Ҷасади Шуҳрат Исматуллоев, муовини раиси «Ориёнбонк» пайдо шудааст. Дар ин бора Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон Аҳмадзод имрӯз, 15-уми август зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.

«Ҷасади Шуҳрат Исматуллоев аз шаҳри Панҷакент пайдо шуд. Шахсияти ӯро аз рӯйи дандонаш муайян карданд»,- гуфт Юсуф Раҳмон Аҳмадзод.

Тавре қаблан мақомот хабар дода буданд, дар натиҷаи гузаронидани амалиёти фаврӣ-тафтишотии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар муайян шуд, ки роҳбарии гурӯҳи муташаккили ҷиноятиро вобаста ба рабудани муовини аввали роҳбари ҶСК «Ориёнбонк» Исматуллоев Шуҳрат Абдуғафорович шаҳрванди Тоҷикистон Саидмуродов Дилшод Ҳусейнович ба уҳда дошта, ӯ нақшаи ҷинояти мазкурро моҳи марти соли 2022 тарҳрезӣ ва барои амалӣ намудани он гурӯҳи муташаккили ҷиноятии яроқнокро зиёда аз 10 нафар ташкил намуда буд.

Он вақт амалӣ намудани ҷинояти номбурда бо сабабҳои аз Саидмуродов Д. Ҳ. ва дигар аъзои гурӯҳ вобастанабуда муяссар нагардид.

23-юми июн соати 20:10 дар кӯчаи Закариё Розии ш. Душанбе Саидмуродов Д. Ҳ. бо аъзои дигари гурӯҳ Ашуров Рустам Каримович, Хуҷаев Шоҳрух Хуҷаматович, Ахмедов Акбар Акрамович ва дигарон аз фурсати муносиб истифода бурда, Исматуллоев Ш. А.-ро зӯран ба мошини «Хюндай-Соната», рақами қайдаш 01-97М01, сиёҳранг, савор намуда, ба самти деҳаи Шодоб-1, воқеъ дар ҷ/д Чорбоғи н. Варзоб бурдаанд.

Онҳо шаҳрванд Исматуллоев Ш. А.-ро то соати 03:00 рӯзи 24-уми июн дар яке аз хонаҳои деҳаи номбурда бо истифода аз қувваи ҷисмонӣ, электрошокер, автофен ва дигар таҷҳизот таҳти шиканҷа қарор дода, ба қатл расонидаанд.

Баъдан, гурӯҳи ҷиноятӣ бо мақсади пинҳон намудани изи ҷиноят дар километри 130 роҳи Душанбе-Чаноқ ҷасади Исматуллоев Ш. А. ва мошинаш «Хюндай-Соната»-ро ба дарёи Зарафшон партофтаанд.

Худи ҳамон рӯз ҷинояткорон Саидмуродов Д. Ҳ. ва Ахмедов А. А. ба Русия, Хуҷаев Ш. Х. ба Туркия ва Ашуров Р. К. 25-уми июн ба Туркия ва 30-юми июн ба Молдова фирор намудаанд.

Дар рафти убури сарҳади Молдова Ашуров Р. К. аз тарси дастгир ва ба Тоҷикистон истирдод шуданаш, таппончаи яке аз кормандони мақомоти фурудгоҳи Кишинёвро гирифта, ду нафари онҳоро ба қатл расонида ва якчанд нафари дигарро гаравгон гирифта, ҳангоми гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ ярадор ва 3-юми июл аз ҷароҳатҳои бардошта ҳалок гардидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *