Раҳимзода: Дар рабуда шудани Исматуллоев кормандони собиқи ВКД даст доштанд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон тасдиқ кард, ки дар ҷинояти марбут ба рабудани Шуҳрат Исматуллоев, собиқ муовини раиси «Ориёнбонк» ду корманди собиқи ВКД низ даст доштаанд.

Рамазон Раҳимзода дар ин бора 11-уми август зимни нишасти матбуотӣ хабар дод. Вале вазир ному насаби ин кормандони собиқро нагуфт.

Қаблан расонаҳо навишта буданд, ки Рустам Ашӯров, шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар Фурудгоҳи Кишинёв ду маъмурро кушт, собиқ корманди милиса будааст. Инчунин, Радиои Озодӣ навишт, ки Дилшод Саидмуродов, муллақаб ба «Дилшоди СБ» ё “Дилшоди красавчик” ҳам корманди пешини Вазорати корҳои дохилӣ буд.

Ёдовар мешавем, ки Шуҳрат Исматуллоев соати 8-и шоми 23-юми июн дар кӯчаи Закариёи Розии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт аз ҷониби афроди номаълум рабуда шуд. То имрӯз дар рабудани Шуҳрат Исматуллоев даст доштани 15 нафар исбот шудааст, ки 13 нафарашон боздошт шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *