Ҷашни 30-юмин солгарди равобити дипломатии Швейтсария ва Тоҷикистон

Конфедератсияи Швейтсария ва Ҷумҳурии Тоҷикистон 30-юмин солгарди барқароршавии равобити дипломатиро ҳамчун як марҳилаи асосии ҳамкориҳои дуҷониба ҷашн гирифтанд.

Ба ин муносибат муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Шерализода бо сафири фавқулоддаи Конфедератсияи Швейтсария дар Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар Остона) Дэвид Грихтинг вохурӣ намуд. Ҳарду ҷониб нусхаи аслии номаҳои табрикии Президенти Швейтсария ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро мубодила карданд.

Дар номаи шодбошии худ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Швейтсария Игнасио Кассис ба тааҳҳуди идомаи Швейтсария ба ҳамкорӣ бо Тоҷикистон, ки дар Барномаи нави ҳамкорӣ барои солҳои 2022-2025 зикр шудааст, таъкид кард. Тавассути Барномаи худ, Швейтсария фаъолиятҳои худро дар соҳаҳои об, инфрасохтор ва тағйирёбии иқлим, инчунин бахшҳои идоракунӣ ва рушди устувори иқтисодӣ амалӣ менамояд.

Ӯ ҳамчунин қайд кард, ки муносибатҳои деринаи байни кишварҳоямонро қадр мекунад ва барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ояндаи бехатару шукуфоиро таманно дорад.  

Ба муносибати ин чорабинӣ Дафтари Швейтсария оид ба Ҳамкорӣ дар Тоҷикистон дар давоми сол як силсила чорабиниҳо, аз қабили Рӯзи дарахтшинонӣ бахшида ба масъалаи глобалии тағйирёбии иқлим ва мусобиқаи тенниси рӯи миз барои тарғиби тарзи ҳаёти солим ташкил намуд. Илова бар ин, подкаст дар чаҳорчӯбаи барномаи «Як плюс барои башарият» дар саҳифаи фейсбукии Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон 9-уми декабри соли 2022 пахш шуд.

Ба ғайр аз ин, рӯзҳои 10 ва 11-уми декабри соли 2022 Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ намоиши пиряхҳои Швейтсария ва Тоҷикистонро барои ҳамагон ташкил кард.

Швейтсария ва Тоҷикистон аз соли 1992, аз замони барқароршавии равобити дипломатӣ ҳамкорӣ менамоянд.

Дар соли 1998 Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Душанбе фаъолияти худро оғоз кард ва ҳузури доимии Швейтсарияро дар Тоҷикистон шуруъ намуд.

Дар давоми се даҳсолаи охир тавассути барномаҳои гуногун ва чорабиниҳои лоиҳавӣ Ҳукумати Швейтсария ба манфиати мардуми Тоҷикистон беш аз 500 миллион доллари ИМА-ро маблағгузорӣ кардааст.

Рамзия МАМАДНАЗАРОВА,

мутахассис оид ба ВАО ва робита бо ҷомеаи Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *