Ҷасорати вакили тоҷик дар Русия
Минҳоҷиддин Каримов, раиси Созмони фарҳангии тоҷикон ва узви роҳбарони Шӯрои машваратӣ оид ба масоили фарҳангӣ ва байниқавмӣ дар назди шаҳрдори Новосибирск мегӯяд, бояд пеши роҳи иғвоангезиҳои Ростислав Антонов гирифта шавад.
Баҳси Каримов бо вакили рус аз он оғоз шуд, ки Антонов раиси ҷамъияти тоҷикони
Новосибирскро барои бетарафӣ дар қазияи куштори духтари рус аз сӯйи шаҳрванди Тоҷикистон танқид кард. Ӯ аз мақомоти Русия талаб кардааст, ки созмони фарҳангии тоҷиконро маблағгузорӣ накунад. Каримов мегӯяд, ҳеҷ маблағе аз мақомоти Русия дарёфт накардааст ва ба ҷуз аз бархе барномаҳои давлатӣ тамоми иқдомҳои дигари созмон бо пули худи тоҷикони Новосибирск аст.
Охири моҳи июл дар Новосибирск як духтари 17 сола бо чанд зарби корд кушта шуд. Мақомоти рус дар ин ҷиноят як ҷавони зодаи Тоҷикистонро гумонбар дониста, ба ҳабси пешакӣ гирифтаанд.
Ростислав Антонов гуфтааст, раиси ҷамъияти фарҳангии тоҷикон, барои ин амали ҳамватанаш аз хонаводаи духтари кушташуда узр напурсид.
Минҳоҷиддин Каримов, дар сӯҳбат бо “Озодӣ” ин ҷиноятро маҳкум карда, гуфтааст, вокуниш ба ин қазия, ки ҳанӯз таҳқиқаш анҷом наёфтааст, дар салоҳияти онҳо нест. Каримов гуфтааст, ки новобаста ба ин аз модари духтари фавтида маъзарат хостааст.
Ба гуфтаи ӯ, бори аввал нест, ки вакили рус бо чунин баёнияҳо кӯшиши барангехтани кинаву адовати миллӣ мекунад ва бо ин роҳ мехоҳад таваҷҷӯҳ ба худро бештар кунад. Минҳоҷиддин Каримов, узви Шӯрои машваратии байниқавмӣ ва миллӣ дар назди шаҳрдори Новосибирск ва муовини ҷамъияти иттиҳоди созмонҳои кор бо муҳоҷирон аст.
Каримов мегӯяд, тасмим дорад пешниҳод кунад, ки масъулини шаҳрдори Новосибирск ва шӯроҳо дар ҷаласае рафтору баёнияҳои ба қавли ӯ иғвоангезонаи Антоновро муҳокима кунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ