Ҳафизулло

Ҷавоб ба устоди эътирозгар

Ҷаноби Асозода, салом! “Эътироз”-атонро хондам. Барои ба қавли худатон ба баҳс кашидани шогирд ҳайрон ҳам шудам, чун ҳоло агар як тоифа устодонашонро эътироф накунанд, тоифаи дигар баҳс кардан бо онҳоро густохӣ медонанд. Ба саволҳоятон ҷавоб медиҳам, чун ба пиндорам, агар баҳс кардан бо устод густохӣ бошад, ҷавоб нагуфтан ба саволҳояш беҳурматӣ мешавад.

Аввалан дар бораи китоб. Шумо гуфтаед, ки дар вақти муаррифӣ “аз ҳад гузаронидаед” ва “воҳима кардаед”, вале фикр дорам, ки он ҷо на гузаронидан буд, на воҳима кардан, балки фикри як хонанда иброз шуд, ки нияташ чунин маҷмӯаи хонданиро хондани дигарон буд.

Дар мавриди эътироф, ки шумо устоди аввалинам дар навиштан ҳастед, ҳайрон шуда, нобоварона ҷумлаҳои зебо гуфтаед, вале дигарон шуморо ҳамчун устодашон эътироф накунанд, ишколи онҳост. Ин як. Дувум, бузургони мо гуфтаанд, аз ҳар нафаре, ки як ҳарф ҳам омӯзед, ба шумо ҳақи устодӣ дорад. Ин суханро ба назар гирифта, ба ҳеҷ ваҷҳ наметавон шуморо ҳамчун устод эътироф накард.

Инчунин, дар мавриди аввалин навиштаҳои хому парокандаамро дар газета ҷой додан, махсусан дар минбари худатон, хоксорӣ карда, ишора кардаед, ки шояд он тавре ман фикр мекунам, набошад ва дар замиратон бахиливу ҳарисӣ шуъла занад. Агар чунин ҳис бошад ҳам, онҳоро ба ман нишон надодед ва шумо вақте дастгиру роҳкушову роҳнамои ман шудед, ки хеле аз журналистони ба қавле номдор салом намекарданд.

Ва ҷавоб ба саволҳо. Шумо 12 савол пешниҳод кардед ва ман аз саволи 7-ум сар мекунам, зеро ба саволи якум дар боло ҷавоб гуфтам ва ба 5 саволи дигар ҷавоб додан намехоҳам.

Хушбахтона, ман ду зинаро дар факултети журналистикаи ДМТ таҳсил кардаам, ки аз устодони зиёд дарс гирифтаам, вале факултети эҷодиро бароям устод Қироншоҳ Шарифзода ташкил карда буданд. Эшон калиди кабинетеро аз “Шарқи озод” ба ихтиёрам гузошта буданд, ки воқеан ҳам “факултети эҷодӣ” буд. Дар он ҳама чиз буд, ҳама чизе, ки барои як донишҷӯ ё журналисти ҷавон лозим аст. Ба саволи ҳаштуматон ҳам дар ҳамин сархат ҷавоб медиҳам. Яъне, барои журналистшав хондан хеле муҳим аст. Аз подшивкаҳои газетаҳои гуногун то китобҳои муҳими соҳавӣ. Аз тарҷумаи ҳоли журналистон то ҳуҷҷатгузориву баъзе қонунҳои нонавишта. Агар аввалин бор бо навиштаҳои шумо дар Китобхонаи миллӣ шинос шуда бошам, пас хондани матолиби дигаратонро дар ҳамон кабинет давом додам. “Марди барқӣ”-ро то ҳол ёд дорам…

Чор саволи охир, ки бозгӯяндаи нақши шумо ҳастанд ва савол гузоштаед, ки агар намебудед, чӣ мешуд, ба ёдам мактуби муаллими Томас Эдисон бинобар қаноатбахш набудани таҳсилашро овард, вале модараш мазмуни мактубро дигар гуфт ва сабаб шуд ӯ беҳтарин ихтироъкори замонаш гардад. Яъне, шумо ҳам барои “чун алиф рост будан”, барои “умедро аз оянда накандан”, барои “худро шинохтан”, барои “накӯкор будан” сабаб шудаед. Шумо намебудед, шояд дар ҳамон курсҳои поёнӣ шавқам мемурд. Шумо намебудед, шояд аз ҷоеву касе ангеза намегирифтам ва монанди садҳо хатмкардаи факултети журналистика ба муҳоҷират мерафтам. Шумо намебудед, шояд ба худу ба дигарон то қадри имкон кумак карда наметавонистам.

Ба ҳамин минвол, ҳазор бор ҳам такрор мекунам, ки агар устод Шарифзода Қироншоҳ намебуданд, ман ГЖК-ро аз таҳхона то 14 ошёна намедидам, агар устод Бахтиёр Қутбиддин намебуданд, ман Муҳиддин Олимпурро намешинохтам, агар устод Ҷовид Муқим намебуданд, ман дуюмбора кори илмӣ намекардам, агар устод Хуршед Атовулло намебуданд, ман ҳеҷ вақт бо ҳеҷ кас мусоҳиба-лавҳа намеоростам, агар устод Аҳмади Иброҳим намебуданд, маро касе маҷбур намекард, ки ҳар ҳафта барои “Пайк” чизе нависам ва ғайраҳо. Яъне сабабҳои ивазшавии ҳаёти мо гуногунанд ва якеаш шумоед.

Акнун чанд саволи ман ба шумо, ки итминон дорам, ҷавоб мегӯед:

1. Бадбахтона, образи устодро дар мо сиёҳ карда истодаанд ва вақте ки шуморо устод гуфтам, фикр кардед “устод”-ро дар назар дорам?

2. Чаро шумо фикр мекунед, ки як нафар расман наметавонад каси дигарро устод гӯяд, дар ҳоле, ки аввалин навиштаҳояшро таҳрир карда, нашр намудааст?

3. Шумо фикр доред, ки то ҳадди ношиносиву носипосии шогирдон нисбат ба устод расидаем, ки дигар ба ин эътироф эътироз мекунед?

4. Як шогирд бояд чӣ гуна бошад, ки устод аз ӯ розӣ шавад?

5. Чӣ кор кунем, ки мавқеи устодро каме ҳам бошад, баланд бардорем?

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *