Ҷавони гумонбар ба “планшетдуздӣ” дастгир шуд
Як сокини 27-солаи ноҳияи Вахш бо гумони дуздӣ дастгир карда шуд. Дар ин бора Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе иттилоъ дод.
Хабар дода шудааст, ки дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои ҷустуҷӯии фаврӣ кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Сино шаҳрванд Умедҷон Назаров, соли таваллудаш 1996, сокини деҳаи Нурободи ноҳияи Вахшро ҳамчун гумонбар дастгир кардааанд. Навори лаҳзаи ҷинояти дуздии номбурда дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ нашр гардида, вокунишҳои манфии шаҳрвандонро ба миён оварда буд.
Тибқи маълумоти дарёфтшуда кормандони милитсия зимни санҷиш муайян карданд, ки номбурда субҳи 26-уми май ба як дорухонае воқеъ дар ноҳияи Сино, кӯчаи Саъдӣ Шерозӣ ворид гардида, аз хоби фурӯшанда истифода намуда, аз он ҷо як адад планшети тамғаи «Айпад про»-ро тасарруф ва аз ҷойи ҳодиса фирор намудааст.
Бино ба иттилои манбаъ, номбурда бо содир намудани ин ҷинояти худ ба ҷабрдида, ҷавони 20-солаи сокини шаҳри Душанбе ба маблағи 15 ҳазор сомонӣ зарар расонидааст. Баъди аз ҷониби кормандони милитсия дастгир гардидан, аз гумонбаршаванда Назаров Умедҷон планшети рабудашуда ҳамчун далели шайъӣ дарёфту мусодира карда шудааст.
Гуфта мешавад, ки айни замон нисбати гумонбаршаванда маводи зарурӣ тартиб дода шуда, барои оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ ва ошкор намудани дигар ҳолатҳои ба ҷиноят даст задани номбурда мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ