Ҷойгоҳи забону фарҳанги Эрон дар Русия меафзояд
Русия ба забону фарҳанги Эрон таваҷҷуҳ зоҳир мекунад. Дар ин бора муовини раиси намояндагии фарҳангии Сафорати Эрон дар Русия Зуҳро Ҳамдиё изҳор дошт.
Ба гуфтаи ӯ, муносибатҳои эътимодбахши раҳбарони кишварҳо ва робитаҳои шахсии шаҳрвандон боиси густариши робитаҳо миёни ду кишвар гардидааст.
«Имрӯз мардуми Русия ба мероси фарҳангиву таърихии Эрон таваҷҷуҳи бештар зоҳир мекунанд. Шумораи шахсоне, ки мехоҳанд забони форсиро ёд гиранд, ба таври назаррас афзоиш ёфтааст”,- афзудааст номбурда.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки ширкати ҳавопаймоии Русия аз фурудгоҳи Пулковои Санкт-Петербург ба Теҳрон парвозҳои мустақим оғоз кардааст.
Арбӣ Абубакров, муовини раиси Кумитаи равобити хориҷии Санкт-Петербург низ ба ин назар аст, ки робитаҳои Эрону Русия имрӯзҳо ҳарчи бештар наздиктар мешаванд.
«Парвози доимии мустақим далели ниятҳои дуҷониба барои мулоқоти бештар, густариши фаъоли равобити тиҷоратӣ бо шарикони эронӣ, сафар кардан, омӯхтани фарҳанги шаҳрҳои мо ва боз кардани як макони нав барои фароғат аст»,- гуфтааст Абубакров.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ