Дар Яғноб ду пул месозанд

Дар ҳудуди водии Яғноб, ки мансуб ба ҷамоати деҳоти Анзоби ноҳияи Айнӣ аст, ба сохтмони ду пули мошингузар санги асос гузошта шуд. Дар ин бора МИҲД-и ноҳияи Айнӣ хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, ин ду пул то 9-уми сентябр, дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд. Дарозии пулҳои мошингузар мувофиқи нақша 25×4 ва 8×4 метри мураббаъро дар бар мегирад.

Ҳангоми гузоштани санги асос таъкид гардидааст, ки бунёди пулҳои мазкур барои рушди соҳаи кишоварзӣ нақши муҳим дошта, барои пешбурди зиндагии шоистаи мардуми дараи Яғноб мусоидат менамояд ва ин водиро чор фасли сол ба дигар минтақаҳои кишвар мепайванданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *