Ҷон ба раҳи Ватан фидо мо накунем, кӣ мекунад?!
“Уҳдадории ҳарбиро шаҳрвандони ҷинси марди Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарфи назар аз миллат, нажод, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсилот ва молу мулк, ки аз ҷиҳати саломатӣ ва инкишофи ҷисмонӣ қобили адои хизмат мебошанд, инчунин шаҳрвандони ҷинси зани Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба талаботи муқарраршуда ҷавобгӯ буда, аз рӯи ихтисосҳо барои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қушӯнҳо ва воҳидҳои дигари ҳарбӣ ихтиёран тайёрии заруриро гирифтаанд, иҷро мекунанд”,- омадааст дар банди дуюми моддаи 5-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадориҳои ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”.
Мутаассифона, мушкилоти аслӣ ва доғи рӯзи ҷомеаи мо ин аст, ки як идда ҷавонони кишварамон аз хизмат, ки қарзи шаҳрвандӣ ва фарзандии онҳост, саркашӣ мекунанд. Ин ҷо суоле ба миён меояд, ки чаро бархе аз ҷавонон хизмат намудан дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул надоранд? Чӣ чизе боиси нофаҳмӣ ва хунукназарии онҳо гаштааст? Чаро барои худро аз хизмати Ватан раҳонидан аз роҳу усулҳои номатлубу ноҷавонмардона кор мегиранд? Ба кадом сабаб адои хизматро ҳамчун як фарди ватандори бонангу номус вазифа ва қарзи ҷонии хеш намешуморанд?
Ин Ватан ба ҳимояи ману мо ниёз дорад ва дар ҳамаи вазъу ҳолат, нооромиву оромӣ, шодиву нишот, дарду ғам ҳар яки моро месазад, то дар канори халқу миллати хеш бошем ва аз Ватану замини аҷдодиамон ҳимоят намоем.
Сари чанд нукта бояд тамаркуз кард: аввал ин ки, чӣ тавр бояд насли ҷавонро дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намуд, чӣ тавр ҳисси ватандор буданро дар вуҷудашон бедор кард ва чӣ гуна ба онҳо фаҳмонд, ки хизмат ба Ватан — ин хизмат ба Модар, хидмат ба посдории сулҳу субот, осудагиву оромию ваҳдати кишварамон маҳсуб мегардад.
Хуб мешуд, агар масъулон ва омӯзгорону волидон дар байни ҷавонписарон курсҳои таълимӣ, ташвиқотиву тарғиботӣ ва фаҳмондадиҳӣ гузаронида, ҳисси ҷавонмардиву ғурури мардонагии онҳоро дар вуҷудашон бедор мекарданд. Охир, набояд фаромӯш кард, ки фарзандони содиқ ва баору номуси миллатамон дар тӯли таърихи пуршебу фарози мавҷудияташон чӣ ҷонфидоиву қаҳрамониҳое нишон додаанд. Корномаҳои пуршуҷоати қаҳрамонмардон, чун Шерак, Спитамен, Темурмалик, Деваштич, Восеъ, Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва даҳҳо тани дигар худ имрӯз барои ҷавонон дарси ибрат бояд бошад.
Ман ҳамчун як ҷавони замони истиқлол хоҳиши адои хизмати Ватан — Модарро дар сафи Артиши миллии кишварамон дошта, ҳимояи як мушти хоки диёрамро вазифаи аввалиндараҷаи худ медонам. Дӯст дорам ва ифтихор мекунам, ки дар қатори дигар ҷавонони ғаюру шуҷои Ватан китф ба китф дар ҳимояи марзу буми сарзамини худ камари ҳиммат бандам. Марди воқеӣ ҳамонест, ки адои хизмат намудааст ва чун аз нақли пирони мо бармеояд, дар замони пеш ҷавононе, ки хизмати Ватанро ба ҷо меоварданд, дар ҷомеа обрӯву эҳтироми хоса доштанд ва соҳибиззат буданду беҳтарин духтарони деҳро ба никоҳи онҳо медароварданд. Чӣ оини хубе будааст он замон ва кош чунин оинҳое, ки мардонагӣ ва шарафмандиро дар замири ҷавонон мепарваранд, дубора эҳё гарданд. Зеро будани онҳо ҳам ба нафъи худи ҷавонон аст ва ҳам ба нафъи давлату миллат.
Ҳимояи марзу буми Ватан ҳимояи номус, шараф, эътибори асли худ аст. Пас ҷавонони далери миллатро мебояд, ки садоқату вафодорӣ ва мардонагиро аз даст надода, дар роҳи суботи Ватан камари ҳимматро ба дурустиву сахтӣ бибанданд, ки ин сарзамин ба муҳаббату садоқат ва ҷоннисории мо чун обу ҳаво ниёз дорад.
Хайём РАҶАБОВ,
курсанти курси 2-и факултети ҳуқуқшиносии Академияи ВКД
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ