Ҷудошавии бесобиқаи оилаҳо дар Хатлон
Дар шаш моҳи соли 2022 дар вилояти Хатлон кам не, 1 ҳазору 891 оила аз ҳам ҷудо шудаанд. Мутаассифона, пошхӯрии оилаҳо назар ба ҳамин давраи соли 2021-ум 381 ҳолта бештар шудааст.
Бунафша Раҳимзода, сардори шуъбаи асноди ҳолати шаҳрвандии Раёсати адлияи вилояти Хатлон имрӯз, 14-уми июл дар нишасти матбуотии хеш гуфт, ки бо ҷудо шудани 1 ҳазору 891 оила 2 ҳазору 212 кӯдак зиндаятим шудаанд. Ӯ мегӯяд, ки дар натиҷаи ҷудошавии ин оилаҳо ҳоло 2 ҳазору 150 кӯдак дар тарбияи модар ва 62 кӯдаки дигар дар тарбияи падарон мебошанд.
— 1 ҳазору 591 оила бо ҳалномаи суд аз ҳам ҷудо шудаанд. Боқимонда ақди никоҳ бо розигии ҳамдигар ва аризаи зан ва ё мард баъди вафоти ҳамсар ҷудо карда шудаанд,- афзуд ӯ.
Мутахассисон сабаби асосии пош хӯрдани оилаҳоро дар набудани муҳаббату дӯстдорӣ, омода набудани ҷавонон ба зиндагии мустақил, дахолати шахси сеюм, муҳоҷирати тӯлонӣ ва истифодаи нодурусти телефони мобилӣ медонанд.
Машраби АЛОВИДДИН
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ