Ҷузъиёти хабари таксии чаппашудаи «1111» (аудио)
Тавре Pressa.tj қаблан хабар дода буд, як таксии «1111» субҳи 2-юми сентябр дар роҳи калони Душанбе чаппагардон шудааст.
Баъдан, Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо нашри як иттилоия ҳодисаро шарҳ дод.
— Санаи 2-юми сентябри соли ҷорӣ тақрибан соати 5:30 дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи «КИА», рақами қайди давлатиаш 2786ТТ05, Маҳмудҷонов Умед Маҳмудҷонович, ки дар ширкати «Сафар Ориён» ба ҳайси ронандаи таксӣ фаъолият мекунад, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи С. Шерозӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба монеаи канори роҳ бархӯрдааст,- иттилоъ дод манбаъ.
Дар натиҷаи санҷиш муайян гардидааст, ки ҳодисаи мазкур аз сабаби хоб бурдани ронанда рух дода, автомашина чаппа шудааст, ки дар натиҷа худи ронанда сиҳату саломат буда, автомашина зарари техникӣ дидааст.
Гуфта мешавад, ки вобаста ба ҳолати мазкур маводҳои лозима тартиб дода шуда, таҳқиқ ҷараён дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ