Сафири нави Украина дар Тоҷикистон кист? (аудио)

Cафири нави Украина дар Тоҷикистон Валерий Евдокимов фаъолияташро дар Душанбе оғоз кард. Пеш оғози фаъолияти диполоматӣ Валерий Евдокимов 2 сентябри соли равон нусхаи эътимодномаро ба муовини вазири корҳои хориҷӣ Содиқ Имомӣ тақдим намуд.

Содиқ Имомӣ ба Валерий Евдокимов дар амалисозии фаъолияти худ ба мақсади рушди минбаъдаи муносибатҳои Тоҷикистону Украина муваффақият орзу намудааст.

Валерий Евдокимов 17 октябри соли 1969 дар шаҳри Ровно таваллуд шуда, дорои чандин маълумоти олӣ мебошад. Аз ҷумла,  ӯ дар Донишкадаи ҳарбӣ, Хадамоти амнияти Киев таҳсил кардааст. Дар қӯшунҳои сарҳадӣ, департаменти ҳифзи низомӣ ва Хадамоти сарҳади давлатӣ фаъолият кардааст. Ӯ таҷриба ва фаъолияти хуби оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дорад. Дорои унвони генерал-майор мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *