Русия: Эътирофи мутақобилаи шаҳодатномаҳои COVID-19 бо Тоҷикистон тасдиқ шавад! (аудио)

Сарвазири Русия Михаил Мишустин дастур додааст, ки бо Тоҷикистон созишнома дар бораи эътирофи мутақобилаи шаҳодатномаҳои эмгузаронии COVID-19 ба имзо расад.

Бино ба иттилои “Аргументы и факты”, ҳукуматҳои Русия ва Тоҷикистон нотаҳои созишномаи дахлдорро баррасӣ мекунанд. Мишустин иҷозат додааст, ки агар зарур бошад, ба лоиҳа тағйироте дохил карда шаванд, ки характери фундаменталӣ надоранд.

Тибқи ин санад, Русия ва Тоҷикистон мувофиқа кардаанд, ки нисбати дорандагони шаҳодатномаҳои эмгузаронӣ, ки дар ҳарду давлат дода шуда буданд ва инчунин ба ноболиғон, маҳдудиятҳои COVID-ро татбиқ накунанд.

Қаблан вазири тандурустии Федератсияи Русия Михаил Мурашко гуфта буд, ки дар Русия афзоиши гирифторӣ ба COVID-19 пешбинӣ мешавад ва бояд чораҳои пешгирикунандаи инфиродӣ пурзӯр карда шаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *