Ӯбекистон қарорро дар бораи воридшавӣ ба кишвар дигар кардааст

Дар Ӯзбекистон 622 нафар аз коронавирус ҷон доданд.

Қоидаҳои вуруд ба Ӯзбекистон дигар мешаванд, хабар медиҳад Sputnik Ӯзбекистон бо такя ба қарори Комиссияи вижаи ҳукуматии мубориза бар зидди коронавирус.
Аз 15 март талабот барои супоридани ҳатмии ташхиси коронавирус дар вокзалҳо ва фурудгоҳҳо барои мусофироне, ки ба кишвар ворид мешаванд, бекор карда мешавад.
Барои ворид шудан ба Ӯзбекистон тавассути ҳавопаймо ё роҳи оҳан, бояд санади манфии коронавирус, ки на дертар аз 72 соат пеш аз сабти ном ба ҳавопаймо ё қатора дода мешавад, пешниҳод карда шавад.
Дар ояндаи наздик рӯйхати лабораторияҳое нашр карда мешаванд, ки натиҷаҳояшон дар Ӯзбекистон эътироф карда мешаванд.
Узбакистон санаи оғози парвозҳои мунтазам ба Русияро эълон кард
Дар айни замон, вазъи ҳамагирии коронавирус дар Ӯзбекистон мӯътадил арзёбӣ мешавад.
Дар маҷмӯъ, дар Ӯзбекистон 80.481 ҳодисаи сироят ошкор карда шуд, ки шумораи умумии шифоёфтагон аз 79 ҳазор нафар гузашт.
Дар кишвар 622 нафар аз коронавирус ҷон доданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *