Роҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ» баста шуд

Роҳи  автомобилгарди «Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ» бинобар боришоти барф ва фаромадани тарма баста шудааст.

Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст, ки ҳаракати ҳамагуна воситаҳои нақлиёт дар ин масир  муваққатан манъ аст.

«Аз ронандагон ва шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки то бартараф намудани камбудиҳо дар ин роҳ аз сафар худдорӣ намоянд. Ҳамчунин безарурият ба минтақаҳои кӯҳистон ва мавзеъҳои мушкилгузар сафар нанамоянд. Айни замон корҳои бартарафсозӣ идома дошта, оид ба оғози ҳаракати воситаҳои нақлиёт тавассути роҳи автомобилгарди «Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ» иловатан хабар дода мешавад»,-хабар медищад манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *