1 миллиарду 674 миллион доллар гардиши мол дар як сол байни Тоҷикистону Русия

Дирӯз, 2-юми март дар Қасри миллат вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Михаил Мишустин баргузор гардид.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Сарвари давлат, зимни мулоқот ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои шарикии стратегӣ ва муносибатҳои ҳампаймонии Тоҷикистону Русияро мавриди баррасӣ қарор додаанд.

«Аз ҷараёни мусбати равобити ду кишвар дар бисёр соҳаҳои ҳамкорӣ, бахусус дар бахшҳои тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарӣ ва ҳамкории зичи ҷонибҳо дар бахши амният изҳори қаноатмандӣ карда шуд»,- иттилоъ медиҳад манбаъ.

Гуфта мешавад, ки Русия шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон боқӣ монда, дар соли гузашта гардиши мол миёни ду кишвар 23,7 дарсад афзоиш ёфта, 1 миллиарду 674 миллион долларро ташкил додааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *