шарҳи матбуот

Аз “Уқоби тоҷик”-и “Тоҷикистон”-у “СССР” то ташвиши довталаб

Ин ҳафта ғалабаи варзишгари 22-солаи тоҷик Нурулло Алиев дар мусобиқоти UFC — муътабартарин лигаи ҷаҳонии варзиши муҳорибаҳои омехта дар вазни сабук мавзуи меҳварии маҳбубтарин нашрияҳои Тоҷикистон гардид.

Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” бо ситоиш ва ифтихор аз ин варзишгари машҳур матлабе бо номи “Уқоби тоҷик. Набард ва ғалабаи аввалин варзишгари тоҷик дар UFC” интишор дода, аз ҷумла навишт: “Барои мухлисӣ ба ӯ чандин ҳазор нафар аз ҳамватанонамон дар Варзишгоҳи марказии Душанбе ҷамъ омаданд ва бо шиорҳои “Нурулло, ба пеш!”, “Мо бо туем!” ва ғайра садо баланд карданд.

Умуман, дар матлаби нашркардаи “Тоҷикистон” метавон дар бораи оғози сабқатҳо, ангушти Рафаел Алвесро газидан ё нагазидани Нурулло Алиев ва пайроҳаҳои пурпечутобу дастовардҳои ин варзишгари машҳури тоҷик маълумоти зиёдро дарёфт намуд.

Ҳафтаномаи “СССР” низ дар шумораи навбатии худ матлабе таҳти унвони “Уқоби тоҷик дар самои Лас Вегаси Амрико…” ба нашр расонида, аз ҷумла навишт: “Пирӯзии Нурулло Алиев дар ним соат номи Тоҷикистонро вирди забони миллиардҳо сокини кураи Замин кард. Ва ҳамаи ин дар ҳоле, ки дар Ватанаш 1 очерки телевизионӣ, 1 лавҳаи родиоӣ, 1 гузориши матбуотӣ дар борааш нанавиштанд. Зеро…”.

Барои чӣ? Дар матлаби нашркардаи ҳафтаномаи “СССР сабабаш гуфта шудааст.

Аз нашрияҳои русизабони кишвар ҳафтаномаи “Рекламная газета” оид ба қаҳрамонии паҳлавони тоҷик Нурулло Алиев бо номи “Нурулло Алиев дар нахустин муҳориба дар UFC ғалаба ба даст овард” матлаби муфассалу хонданӣ ба нашр расонидааст.

Ҳафтаномаи “Оила” низ ин ҳафта ба соҳаи варзиш таваҷҷуҳи хоса дода, дар баробари нашри хабар оид ба ғалабаи Нурулло Алиев, инчунин дар мавриди пирӯзии Манижа Самадова дар Чемпионати ҷаҳон оид ба муҳорибаҳои омехтаи ғайрикасбӣ байни синну соли 18-20 ва +18, ки дар шаҳри Белгради кишвари Сербия доир гардид, мусоҳибаеро бо ин варзишгардухтари тоҷик ба нашр расонидааст. Матлаби мазкур таҳти унвони “Манижа Самадова: Маро чунон латукӯб мекарданд, ки…“ рӯйи чоп омада, дар бораи қаҳрамониҳои шоистаи Манижа нақл мекунад. 

Нашрияи расмии кишвар — “Ҷумҳурият” бошад, ба яке аз мавзуҳои доғи рӯз — ҳуқуқи истеъмолкунандагон таваҷҷуҳ зоҳир намуда, матлаби муфассале бо номи “Ҷавоҳироти бесифат. Аз бемасъулиятии масъулон то поймол гаштани ҳуқуқи истеъмолкунандагон” ба нашр расонидааст. Дар матлаби мазкур аз ҷумла дар он боб нигаронӣ мешавад, ки “аз даъвати тиллохарон бармеояд, ки хоҳишмандони харидуфурӯши тилло ва ё дигар маҳсулоти заргарӣ зиёданд. Вале, бо вуҷуди ин, эътимод ва боварии мизоҷон ба маҳсулоти заргарӣ кам аст. Далелҳои пешомада шубҳаро на танҳо нисбат ба тиллохарони назди бозор, балки ба сифати худи маҳсулот зиёд менамояд”.

Дар мақола масоили мубрам дар самти харидориву фурӯши маҳсулоти қалбакии заргарӣ ва ё бесифатии маҳсулот таҳлил шудаанд.

Ҳафтаномаи “Дунё” мавзуҳои асосии ин шумораи худро ба баррасии мушкилоти энергетикӣ бахшидааст. Нашрия ду мақолаи таҳлилӣ бо номҳои “Чӣ тавр сардӣ буҳрони энергетикиро дар Осиёи Марказӣ фош кард” ва “Чаро мо ба истеҳсоли барқи офтобӣ ҳавасманд нестем? Ё аз таҷрибаи Ӯзбекистон бояд истифода намуд” ба нашр расонида, дар матлаби дувум бо ишора ба фоидаоварии барқи офтобӣ ба таҷрибаи кишвари Ӯзбекистон ишора кардааст: “Солҳои 2021-2022 дар Ӯзбекистон ду нерӯгоҳи аввалини офтобиро ширкатҳои “Masdar” аз Аморати Муттаҳидаи Араб ва “Total Eren” аз Фаронса ҳар кадоме бо иқтидори 100 МВт дар вилоятҳои Навоӣ ва Самарқанд сохта ба истифода доданд. Ширкати арабии “Masdar” ҳамчунин дар тендерҳои сохтмони се нерӯгоҳи офтобии дигар дар кишвар то тирамоҳи соли 2023 бо иқтидори умумии 900 МВт ғолиб омадааст. Ҳафтаи гузашта бошад, Вазорати энергетикаи Ӯзбекистон бо ширкати “CEEC Energy China”-и Ҷумҳурии мардумии Чин созишномаеро ба имзо расонид, ки бунёди нерӯгоҳҳои офтобиро дар вилоятҳои Қашқадарё, Бухоро ва Самарқанд бо сармоягузории 2 миллиард доллар пешбинӣ мекунад”.

Рӯзномаи парлумонии “Садои мардум” бошад, ба масъалаи ворид шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони умумиҷаҳонии савдо (СУТ) таваҷҷуҳ карда, мусоҳибаи муфассале бо сардори Раёсати ҳамкориҳо бо Созмони умумиҷаҳонии савдои Сарраёсати сиёсати савдо ва бозори истеъмолии Вазорати рушди иқтисод ва савдо Рукниддини Лутфулло дар боби натиҷаҳои ин даҳ сол анҷом додааст.

— Сатҳи миёнаи боҷ барои ҳама навъи мол дар байни 24 давлати рӯ ба инкишофи дар солҳои наздик ба СУС шомилшуда 11,4 фоизро ташкил медиҳад ва ин нишондод барои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи 8 фоиз қарор дорад. Гурӯҳи кории Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни гуфтушунид тавонист ба дастоварде ноил гардад, ки натиҷаи он садди коҳиш ёфтани қисмати даромади буҷети давлатии кишварамон мегардад. Масалан, дар соҳаи кишоварзӣ, новобаста ба он ки сатҳи миёнаи охирини боҷ барои маҳсулоти кишоварзӣ 10,4 фоизро ташкил медиҳад, Тоҷикистон боҷи баландро нисбат ба молҳои стратегӣ нигоҳ дошт. Меваи хушк (15-20 фоиз), асал (20 фоиз), меваву сабзавоти тозаи омодашуда (20-23 фоиз), пилла ва пахта, (20 фоиз) маҳсулоти машруботӣ (18-23 фоиз) аз ҳамон ҷумлаанд,- аз ҷумла гуфтааст Рукниддини Лутфулло дар мусоҳиба бо “Садои мардум”.

Ин ҳафта нашрияи “Азия-плюс” бо нашри мақолаи муфассал таҳти унвони “Ҳоло аждаҳо наҷаҳидааст” ба масъалаи хавфи Кӯли Сарез баъди заминларзаҳо таваҷҷуҳ кардааст. “Агар Сарез канда шавад, ҳама деҳаҳои дар Тоҷикистону Афғонистон ба мавҷ дучормеомада вайрон мешаванд”,- аз ҷумла навиштааст нашрия.

Дар ҳамин маврид ҳафтаномаи “Рекламная газета” низ матлабе бо номи “Дурдонаи кабуд ва “аждаҳои хусбида”. Сарез — кӯле, ки метарсонад ва ба ваҷд меорад” нашр карда, таҳлилҳои мутахассисонро дар бораи назорати Кӯли Сарез ҷой додааст.

Мавзуи дигаре, ки ҳафтаи равон ба таври васеъ расонаӣ гардид ва ба матбуоти даврӣ роҳ ёфт, масъалаи боло рафтани арзиши бақайдгирии довталабон дар Маркази миллии тестӣ буд. Дар ин маврид ҳафтаномаи “Тоҷикистон” бо номи “Ташвиши довталаб. Чаро Маркази миллии тестӣ нархро гарон кард?” матлаб ба нашр расонида, хабар додааст, ки “нархи хадамоти иштирок дар имтиҳоноти марказонидаи дохилшавӣ барои хатмкардаҳои синфи 11 ё худ шахсони дорои маълумоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ё миёнаи касбӣ 300 сомонӣ муқаррар шудааст. Ин нишондод барои шахсони дорои таҳсилоти умумии асосӣ 210 сомониро ташкил медиҳад. Нархҳо дар қиёс бо нишондоди соли 2022 мутаносибан 60 ва зо сомонӣ боло рафтаанд”.

Дар ҳамин маврид ҳафтаномаи “Самак” низ мақолае таҳти унвони “Маркази миллии тестӣ арзиши бақайдгирии довталабонро боло бурд” ба табъ расонида, ишора кардааст, ки “маълумоти муфассалро дар бораи бақайдгирӣ ва дастури иттилоотию методии “Роҳнамои довталаб”, ки шакли чопии онро Марказ ба муассисаҳои таълимӣ ройгон дастрас гардонида, инчунин шакли электронияш дар сомонаи Марказ ҷой дода шудааст, пайдо кардан мумкин аст”.

Шарҳи матбуоти кишварро ҳар ҳафта қисмати аввали рӯзи ҷумъа дар сомонаи Pressa.tj интизор шавед!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *