Михаил Мишустин

Сарвазири Русия Михаил Мишустин ба Тоҷикистон омад

Сарвазири Русия Михаил Мишустин имрӯз, 2-юми март ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Сарвазири Русия Михаил Мишустинро Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтаанд.

Иттилоъ дода мешавад, ки имрӯз мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Русия Михаил Мишустин пешбинӣ шудааст.

Гуфта мешавад, ки Михаил Мишустин дар Конфронси 9-уми ҳамкории байниминтақавӣ ва бизнес-форуми Тоҷикистон ва Русия иштирок намуда, рӯзи 3-юми март дар шаҳри Душанбе музокироти васеи ҳайатҳои Тоҷикистон ва Русия дар назар аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *