Огоҳии такрории КҲФ: Хатари лағзиши тармаву резиши санг боқӣ мондааст!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании кишвар аз боқӣ мондани хатари лағзиши тармаву резиши санг ва омадани сел дар роҳҳои куҳӣ огоҳӣ дод.

— Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи меҳмонон ва сокинони кишвар мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон муддати чанд рӯзи оянда дар роҳҳои мошингарди  Душанбе — Хуҷанд, Душанбе — Рашт, Душанбе — Сангвор, Душанбе — Лахш, Кӯлоб — Дарвоз,  Ванҷ — Хоруғ, Хоруғ — Ишкошим, Хоруғ — Мурғоб хатари лағзиши тарма, резиши санг ва сел боқӣ мемонад,- огоҳ намуд ин кумита.

Дар ҳамин итибот, кумита аз сокинон хоҳиш кардааст, ки эҳтиёткор бошанд ва дар чунин рӯзҳои ҳассос аз рафтан ба шикоргоҳ, моҳидорӣ, ғунучини ҳезум ва ғайра худдорӣ намоянд.

— Ронандагон пеш аз сафар бо роҳҳои куҳӣ бояд аввал дар бораи вазъи роҳҳо аз манбаъҳои муътамад, аз ҷумла Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, хадамоти роҳи Вазорати нақлиёт, БДА маълумот ба даст оранд ва ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои куҳӣ ҷиддан қоидаҳои бехатариро риоя намоянд,- таъкид мекунад кумита.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *