10 қоидаи зиндагии Акбари Турсон
1-уми октябр академик Акбари Турсон 85-сола мешавад. Номбурда аз зумраи олимонест, ки дар улуми фалсафа, шарқшиносӣ ва фарҳангшиносӣ асарҳои бунёдӣ таълиф намуда, на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар саросари олам шуҳрат дорад. “Тоҷикистон” ба муносибати мавлуди устод аз суҳбатҳои пешин ва гуфторҳояшон “10 қоидаи зиндагии Акбари Турсон”-ро таҳия намуд, ки онро манзури шумо мегардонем.
1. Рӯзи афсӯсхӯрӣ
Ман зодрӯзамро ҷашн намегирам, ин рӯз бароям рӯзи афсӯсхӯрист. Пушаймонӣ не, афсӯсхӯрӣ, зеро боз як соли тамом гузашт, нақшаҳоямро ба вақту соате, ки мехостам, анҷом дода натавонистам. Аз ин рӯ, ба муносибати зодрӯзам, хоҳ он соли муқаррарӣ бошад ва хоҳ, ба истилоҳ, “юбилей”, маъракаи хушу хурсандӣ ташкил намекунам, аз табрику муборакбодиҳо мегурезам, ба беша ё лаби уқёнус рафта, тамоми рӯз яккаву танҳо сайр мекунам ва пайваста меандешам. Бузургони мо пайваста аз танҳоӣ ҳасрат кардаанд. Ҳол он ки, худи ҳамон танҳоист, ки ба онҳо фурсату имкон додааст, рахши андешаро дар ҳафт майдони хаёл инон сар дода, шоҳасарҳо офаранд! Танҳоӣ — паридангоҳи мушаки эҷод аст! Ба ин маънӣ, аз қавли шоира Фарзона гӯям, «лаззатест танҳоӣ, лаззате, ки дарёбӣ».
2. Ҳеҷ гоҳ суди шахсӣ наҷустаам!
Як чиз мояи ифтихори ман (ва умедворам, ки авлодам ҳам) мебошад: ҳар куҷое ба коре машғул шуда бошам, ҳеҷ гоҳ, ба қавле, сарам-дилам кор накардаам, суди шахсӣ наҷустаам (ба истилоҳи имрӯза, ба коррупсия роҳ надодаам!). Чунончи мукофот ё ҷоизае на таваққуъ кардааму на тамаллуқ! Ҳатто барои кори ақлониам ҳақи қалам талаб накардаам. Ҳар куҷое ба шуғле пардохта бошам, қуввати ҷисмонию қудрати ақлониамро ба якҷо ҷамъ карда, заҳмат кашидаам.
Ва низ камоли ифтихори банда аст, ки ҳеҷ гоҳ ба умеди гирифтани подоше аз ягон кас ё қадрномае аз ягон ташкилот ва ё мукофоте аз давлат ба амале напардохтаам. Муҳимтар аз ҳама баройи гирифтан ё рӯёндани онҳо саъю кӯшише ба харҷ надодаам, чунончи аз тариқи маъмулшудаи ҷашнороиҳо (ба муносибати 60, 70 ва 80-солагиҳоям).
Ин хислатам рагу решаи хонаводагӣ дорад. Ман дар хонаводае ба камол расидаам, ки як умр дасткаш аз дастранҷ мехӯрд. Муҳимтар аз ҳама онҳо моро на фақат ба кам қаноат кардан омӯхтанд, балки низ пайваста талқин мекарданд, ки қадри худ бишносем ва мабодо пойинталаби хасон набошем ва хоса миннати нокасонро накашем. Ҳатто дар солҳои қаҳтии ҷанги Олмон, вақте ки басе шикамгушна мегаштем, чашмамон ҳамоно сер буд…
Бузургони дудмонамон хурдонро аз тариқи насиҳати китобӣ не, балки ибрати амалӣ тарбия мекарданд. Раҳмати падарам мегуфтанд, ки бобоям рӯҳонии таҳсилдидаи сӯфимашрабе буданд, ҳатто воқиф аз улуми ғариб. Ба эшон хурду калон «домулло» ё «махсум» гуфта муроҷиат мекарданд, вале ба ягон маърака ба унвони «мулло» намерафтанд. Дар шарҳи ин муаммо қиблагоҳам афзуданд, ки боре бобоям дар як маросими динӣ шоҳиди воқеаи нохуше шудаанд: мардуми авом оби дастшӯйи шайхеро «ба нияти шифо» мехӯранду ҳозирини тақводор чизе намегӯянд. Бобоям аз ин кирдор, ки зимнан хилофи ҳам дин ва ҳам одоб буд, хеле мутаассир шуда, маросимро тарк кардаанд. Вақте ба хона баргаштаанд, дар ҳузури аҳли хонаводаамон «агар муллогӣ ҳамин бошад, ман муллогиро партофтам» гӯён, салларо аз сарашон гирифта, ба тоқи баланд мондаанд…
3. Касе пул мехоҳад, олим намешавад!
Бояд гуфт, ки дар роҳи илм танҳо одамони фидокор мераванд. Касе ки пул мехоҳад, олим намешавад. Масалан, барои Ибни Сино ё Берунӣ касе фарҳангистон сохта надода буд.
Барои олимон пул ҳеҷ гоҳ муҳим набуд, ҳамин қадар, ки рӯз гузарад ва дар хиёбон намонад. Шахсан, барои ман ҳамин гуна аст. Масалан, ман ба Амрико барои пул нарафтам. Дар ҳисоби бонкиам пули зиёд надорам. Ҳар вақт пули изофӣ доштам, ба инҷо, ба Тоҷикистон мефиристодам. Барои ман маблағи ҳадди ақал барои рӯзгор ва шароити кор бошад, кифоя аст…
4. Аз ман инқилобчӣ намебарояд!
Роҳбарони Ҳизби коммунист… медонистанд, ки ман мухолифат дорам, ҳарчанд ман ҳеҷ гоҳ рӯирост барои сарнагун кардани давлат талош накардам, чун ман на тафрит, на ифротро намепазирам, аз ман инқилобчӣ намебарояд. Лекин дисидент (мухолиф) будам. Чунки ман дар Маскав 20 сол будам, аз он муҳит ҳама дисидент (мухолиф) шуда рафт.
Бинобар ин, ин як муҳити интиқодгар буд, на синизм (айбҷӯ), на апологет (маъзаратхоҳ). Яъне на хушомаду на ихтилофи рӯйирост. Инҷо ҳама вобаста ба он аст, ки шумо вазифаи интелигенту интелигенсияро чӣ гуна мефаҳмед. Масалан, аз назари Русия интелигенсия ҳама мубориз аст, аммо ин ҳам ифрот аст.
Ҳатто мегуфтанд, ки он касе аст, ки зидди ҳукумат мебарояд. Ин ҳам як ифрот аст. Агар ин хел бошад, вай бояд фақат ба сиёсат пардозад. Дар ҳоле ки вай бояд муаллими маънавӣ бошад, хонандаи худро ба сатҳи болотари маънавӣ бардорад.
Вақте ки ба кори сиёсӣ пайвастед, кори маънавиатон мемонад. Масалан, агар таърихи моро бигиред, дар мо асос ин буд, ки аз тариқи тарбияти фарҳангӣ ҷомеаро тағйир диҳем. На аз тариқи инқилоб, на ба тариқи зӯрӣ. Хусусан, дар Шарқ сӯфиҳо мегуфтанд, ки аввал худатро тағйир деҳ, агар мехоҳӣ касеро омӯзӣ, ки тағйир диҳӣ, бояд худат аввал намуна шавӣ. Ин аст идеали (мароми) ман.
Масалан, ман ҳайрон мемонам, ки дар вақти Шӯравӣ бачаҳои сехон комсомол мешуданд. Ягон донишҷӯйи аълохон худро ба корҳои комсомолӣ ё ҳизбӣ намезад ва аз байни ҳамонҳо баъд сиёсатмадорон баромаданд ва ҳамеша моро медиданд, уқда доштанд.
Маро чанд бор даъват карда, мансаб пешниҳод карданд, аммо розӣ нашудам. Набиев пешниҳод карда буд, баъд Маҳкамов даъват карда буд. Мегуфтанд, ки “аз берун истода, танқид кардан кори осон аст”. Аммо ман мегуфтам, ки ман инро медонам, ки маро барои илм офаридаанд.
5. Вориди сиёсат шуданам зарурӣ буд
Пас аз барҳам хӯрдани Шӯравӣ ба ягон наҳзати сиёсӣ ворид нашудам. Фақат аз ин лиҳоз, ки ман як нуфузи маънавӣ доштам, пешам меомаданд, баҳс мекардем, бо бархеҳо муносибатам бад шуда буд.
Ҳамон вақте ки майдонҳои «Шаҳидон» ва «Озодӣ» дар муқобили ҳам буданд, ҳазор бор аз ҳизби демократу ҳизби «Растохез» омаданду гуфтанд, ки аз минбар рафта, гап занед, мардум онҷо мунтазир аст.
Ман гуфтам, ки “мардуми ман онҷо нестанд, ман аудиторияи (мухотабони) дигар дорам, аудиторияи ман илмӣ аст. Чӣ кор мекунам ман дар он ҷо?”. Хуллас, ки онҷо нарафтам.
Фақат вақте ки таҳдиди бархӯрди ду майдон ба вуҷуд омад, бо ташвиқи як гурӯҳ фарҳангиён ман як навъ миёнарав шудам. Ҳукумати муросои миллиро ташкил кардем. Яъне ҳамроҳ шуданам ҷиҳати зарурат буд, ки ҷангу хунрезӣ нашавад.
Ҳатто ба Набиев ҳам гуфта будам, ки «охир, ҳаминҳо мансаб мехоҳанд, бидеҳ як-дуто». Як-дуто мансабро, ки гирифтанд, “шердил” шуданду таҳдид карданд…
Вақте дидем, ки инҳо дигар тундравӣ мекунанд, дигар ҳамон замон берун омадем. Хулоса, ба сиёсат даромадани ман аз як ҷиҳат зарурӣ буд ва ҳадафаш пеши тундравиро гирифтан буд. Ҷастухези мо он қадар натиҷа надод, аммо он чӣ аз дастамон омад, кардем.
6. Аз он ки Амрико рафтам, хурсандам
Аз ин ки дар Амрико будам, аз бисёр ҷиҳат хурсандам, чаро ки ҳамаи шароит барои кор доштам. Ман ба ҷустуҷӯйи муҳит рафтам, фақат муҳити зист не, балки муҳити корӣ… Амрико рафтанам бо ҳадафи эътирози сиёсӣ ё аз тарси ҷон набуд. Ман бо бурсияи (кумаки ҳазинаи таҳсилии) Айрекс (IREX — Бунгоҳи амрикоии таҳқиқ ва табодул) рафтам, аввал семоҳа, баъд 11 моҳ шуд, баъд, дигар донишгоҳ даъват кард ва ҳамон тавр, онҷо мондам. Вақти зиёд барои фикр кардан надоштам.
Онҷо дар Донишгоҳи Пенсилвониё ҳамаи шароити корро бароям фароҳам карданд. Ин ки ман баргаштам, ба хотири ин нест, ки ман аз онҷо норизо ҳастам. Аз Амрико норизо нестам. Балки як ҳисси ватандӯстӣ ва масъулияти иҷтимоӣ маро ба Тоҷикистон бозгардонд.
Ҳарчанд дар он ҷо бекор нагаштам, шабу рӯз, ҳар гоҳ дастам мерасид, дарди диламро дар бораи миллат, ватан ва фарҳанг менавиштам.
7. То натарсанд, итоат намекунанд!
Ман демократияи Амрикоро ҳам дидам. Дуруст аст, ки ҳама озод аст, аммо бубинед, ки киҳо пешбарӣ мекунанд ва пирӯз мешаванд. Фақат пулдорҳо. Аз берун нигоҳ кунед, гӯё ҷолиб, аммо дарунашро бинед, бозиҳоеро мебинед, ки эҳе!
Бинобар ин, вазъро бояд ба таври мушаххас, ҷомеаи конкретиро дида, баҳо додан даркор аст. Сатҳи рушди ҷомеа хеле муҳим аст.
Ман ҳатто фикр мекунам, ки дар баъзе аз давраҳои таърихӣ шояд дуруст бошад, ки каме дасти зӯр нишон диҳӣ. Менталитет гуфтагӣ чизҳо ҳаст. То замоне, ки ақлу фаросатамон ба ҷое мерасад.
Баъзан ҷо-ҷо сахт гирифтан даркор. Масалан Горбачёв демократия мекунам гуфт, чӣ кор кард? Давлатро вайрон карду рафт. Демократия-мӣ ҳамин? Барои ҳамин мулоҳизакор будан лозим аст, чунки тақдири инсонҳо ҳал мешавад. То замони муайян қапидан даркор аст.
Масалан, ҳамон тавр ки ба дасти кӯдак чизи тезро намедиҳед. Марҳамат, инро бигир, онро бигир, аммо агар кордро гирифт, зуд аз дасташ мегиред. Масалан, озодии матбуот дар ҷомеа, ё хабарнигоре, ки барои истифодаи созанда аз он омода нест, ба мисли як ханҷар аст.
Бахусус, психологияи мардуми мо ё мардуми рус ин гуна аст, ки то натарсанд, итоат намекунанд. Масалан, дар оғози ҷанг агар ба ҷойи Сталин Хрушёв барин демагог (авомфиреб) мебуд, бозӣ кайҳо аз даст мерафт.
8. Ёди Ватан
Ҳангоми дар Амрико зистанам Ватанамро пайваста ёд мекардам… Дар лавҳаи хотирам ҳамеша маросими илҳомбахши ҷашни Наврӯз эҳё мешуд. Он рӯз мо, бачагони сарибозорӣ, одатан ба даште мерафтем, ки давоми кӯҳистони Исфара буд. Мо дар он ҷо бойчечак чида, дастагул месохтем ва сонӣ дару дарвозаҳои мардуми маҳаллаамонро кӯфта, суруди бачагонаи мавсимиро бо овози баланду ҷарангосӣ мехондем: “Бойчекак, бойчекак, майдони бобом кунғеҷак!...”. Ва аҳли хонадон баромада, бойчекакро аз дастамон гирифта, “ба расондагиаш шукр” гӯён, ба чашмонашон мемолиданд ва ба унвони шодиёна ба мо қанду қурс ҳадя мекарданд…
Дар садаи гузашта давлати томгарои шӯравӣ чордевори суннатҳои моро шикастанӣ шуда, соли 1926 иди Наврӯзро ҳамчун “маросими мусулмонӣ” расман манъ кард. Вале рӯҳу равони халқ, ки пайвандгари аслҳову наслҳост, пойдор монд. Чаро ки истеҳкомаш на дар шуур, балки дар таҳтушуур қарор дошт. Аз ин рӯ, ҳам селоби ҳамагиру ҳамабари идеологӣ, бо вуҷуди он ҳама қудрати бузурге, ки дошт, пайванди маънавии аҷдоду авлодро канда, моро ба манқурти шӯравимаоб табдил дода натавонист.
9. Ватанпарварии воқеӣ ва тазвирӣ
Як фарқи назарраси ватанпарварии воқеӣ аз ватандӯстии тазвирӣ ё худнамоёнаю манфиатҷӯёна ин аст, ки вай сарзамини меросиашро дар тамомияти таърихию фарҳангиаш қабул кунад ҳам, ҳусни ватанашро ба мадди назараш гузошта, қубҳи онро сарфи назар намекунад: камолашро ситоиш мекунаду нуқсашро сарзаниш, аммо на ин ки хурдагирона, балки хурдабинона, яъне аз рӯйи дилсӯзии шаҳрвандона. Ва агар бадхоҳи миллаташ “ҳар фарозеро нишебе” гӯяд, вай дафъатан хитоб хоҳад кард: “Ҳар нишеберо фарозе!”.
10. Корҳои нотамом!
Ман як хислати бад дорам, якбора ба чанд мавзуъ машғул мешавам. Саҳар вақте компютерамро рӯшан мекунам, аз рӯйи кайфиятам ба коре машғул мешавам. Мавзуҳои мухталиф, аз кайҳоншиносӣ то забоншиносӣ. Ё таъсири мутақобили забони тоҷикию форсӣ ва нақши арабӣ ва дар инҷо тақдири ҳаёт дар кайҳон…
Масалан, имрӯз дар мавзӯи Наврӯз кор мекунам, фардо дар мавзӯи таърихномаи ӯзбеку тоҷик менависам. Ҳозир ҳамонро навишта истодаам. Чун дидам, ки баҳс зиёд рафта истодааст…
Муҳим ин аст, ки бефосила кор мекунам. На рӯзи истироҳат дораму на моҳи мураххасӣ. Мабодо димоғам сӯхта бошад ҳам, корро бас намекунам, фақат рангу раванди машғулиятамро тағйир медиҳам, ба таҳриру такмили навиштаҳои дирӯзаам мепардозам…
Ман худамро ҳамчун як автомати табиӣ вонамуд карданӣ нестам, вале айбу аҷаб набудагист, агар бигӯям: бекор нишаста наметавонам. Дар дарункисаам ҳамеша қаламу дафтарчае дорам, ки ҳангоми ширкатам дар маҷлису ҷаласаҳои бефоидаву дилгиркунанда ва ё интизориҳои бесомон дар таги дари духтур ё ягон калоншавандаи мағрур берун бароварда, перомуни шакл ё мазмуни ягон кори нотамомам фикру мулоҳиза мекунам…
Корҳои нотамоми зиёд дорам, ки ба онҳо банд ҳастам. Имрӯзҳо навишти китоби “Ҳикмати таърихи тоҷик”-ро давом дода истодаам. Дар он мушкилиҳои зиёде ҳаст, ки бояд ҳал кард. Китоб тақдири гузашта, ҳозира ва ояндаи халқи тоҷикро дар раванди таърих дар бар мегирад. Барои ин тафаккури васеи фалсафӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва ғайраҳо лозим аст. Баъдан худи вазъи рӯҳиву равонии тоҷикро дар бар мегирад.
Ҳамчунин китоби дигаре навишта истодаам бо номи “Шарқзадагӣ”. Дар Эрон солҳои 50-60 китобе бо номи “Ғарбзадагӣ” нашр шуда буд. Як коммунисти Эрон эрониҳоро танқид карда, масхара карда буд. Ман акнун аз назари шарқиёна навишта истодаам, ки сабаби тақлидкории мо чист, чаро мо ба дигарон тақлид мекунем? Шояд ин бархоста аз табиати инсонии мост.
Таҳияи О. НОЗИР
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ