10 тармае, ки 3 ноҳияро зери муҳосира гирифт

Кӯҳистони Тоҷикистон чун ҳамешагӣ зери хатари тармафароӣ қарор дорад. Ин раванд дар кӯҳистони кишвар як қатор навбатдориҳои шабонарӯзиро ба миён овард, ки кори наҷотдиҳандагонро дуболо бурд.

 Дар як худи ноҳияҳои Рӯшону Шуғнон ва Ишкошими ВМКБ шабонарӯзи гузашта 10 тарма фаромадааст,ки басо нигарон кунандааст.

Аз гузориши Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, оқибатҳои 7 тарма бартараф карда шуда, корҳои бартарафсозии пайомади се тарма дар минтақаҳои Рӯшону Ишкошим идома дорад, иттило медиҳад — Sputnik

Тарма роҳро баст, то роҳи навбатӣ интизор бояд шуд

Манбаъ афзуда, ки дар паи фаромадани тарма, талафот ва хисорот ба қайд гирифта нашудааст.

Дар баробари ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқулоа ҳушдор медиҳад, ки ҳамоно хатари фаромадани тарма дар минтақаҳои кӯҳӣ зиёд аст ва шаҳвандон бояд аз он эҳтиёт кунанд.

Наҷотдиҳандагони воҳидҳои зудамали Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бо мақсади таъмини бехатарии ронандагон дар роҳҳо ва расонидани ёрии таъҷилӣ дар ҳолатҳои баамал омада навбатдории шабонарӯзиро идома медиҳанд.

КҲФ мегӯяд, барои бартараф намудани оқибатҳои тармафароӣ ва тоза кардани роҳҳо хадамоти роҳсозии Вазорати нақлиёт техникаи махсус ҷудо кардааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ аз сокинон даъват мекунад, ки аз сафари безарурат ба манотиқи тармафароӣ худдорӣ карда, ҳушёр ва эҳтиёткор бошанд

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *