Хонандагони ноҳияи Рӯдакӣ дар Китобхонаи миллӣ китоб хонданд

Як гуруҳ хонандагони синфи 4 аз муассисаи таҳсилоти миёнаи №8-и ноҳияи Рӯдакӣ бо роҳбарии устодашон Ҳакимова Кибриё меҳмони Китобхонаи миллии Тоҷикистон шудаанд.

Бино ба иттилои шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангии Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Кибриё Ҳакимова — омӯзгори синфҳои ибтидоии муассисаи таҳсилоти миёнаи №8-и ноҳияи Рӯдакӣ гуфтааст, ки бори дуввум шогирдонашро ба саёҳати Китобхонаи миллӣ овара, мехоҳад завқи китобхонии онҳоро бедор кунад.

— Мавзуи имрӯзаи дарсамон «Биё ба китобхона равем» ва «Биё ба осорхона равем» аст. Бо ҳамин мақсад мо ба Китобхонаи миллӣ омадем. Кормандон моро хуш пазируфтанд, таассуроти неке бардоштем. Махсусан аз дидани Китоби сурх, Конститутсия, адабиёти бачагона дар шуъбаи кӯдакон шогирдон хушҳол шуданд. Ба шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар рафтем. Кӯдакон фаҳмиданд, ки китобҳои гӯё низ дар ин ҷо будаанд, ман низ намедонистам. Ҳатто аз чеҳраҳои хонандагон низ пай бурдан мумкин аст, ки шод шуданд ва ба завқ омаданд, он чиро, ки дар дарс хонда буданд, аз наздик диданд ва ба мақсадашон расиданд,- гуфтааст муаллима.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *