10-уми январ — рӯзи мотами умумимиллӣ
Президенти Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев санадеро имзо кард, ки дар робита ба ошӯбҳо дар ин кишвар рӯзи 10 январро мотами умумимиллӣ эълон мекунад.
«Дар робита ба ҳалокати одамон дар натиҷаи амалҳои террористии дар Ҷумҳурии Қазоқистон содиршуда 10 январи соли 2022 дар Ҷумҳурии Қазоқистон мотами миллӣ эълон карда шавад», — гуфт Тоқаев.
Президент инчунин аз нигоҳ доштани марказҳои ҳамлаҳои террористӣ дар ҷумҳурӣ хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, мубориза бо онҳо бо тамоми қатъият идома хоҳад ёфт.
Дар арафаи он Тоқаев гуфта буд, ки дар Алмаато дастикам шаш мавҷи ҳамлаҳои террористӣ рух додааст ва бархе аз ошӯбгарон забони қазоқиро намедонанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ