11 медали тилои устодони варзиши тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон
Аз 25 то 27-уми октябр дар Душанбе Чемпионати ҷаҳонии сабмо миёни устодон, собиқадорони ин намуди варзиш, баргузор шуд. Зӯрозмоиҳо миёни паҳлавонони аз 35-сола боло дар 7 синну сол гузаронида шуданд.
Собиқадорони самбои Тоҷикистон дар мусобиқа сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гаштанд. Дар категорияи М1 Мустафо Ҳасанов (71 кг) медали тило, Мақсадшо Бердиев (88 кг) нуқра, Маҳмадшариф Зикруллоев (64 кг), Негматулло Абдуллоев (79 кг), Отамурод Ашӯров, Файзалӣ Яхшибеков (+98кг) медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Дар категорияи М2 Миралӣ Меҳбуллоев (64 кг), Зиёдулло Нигматов (98 кг) тило, Замонҷон Умаров (71 кг) нуқра, Ҷонибек Маҳмудзода (79 кг), Собирҷон Сулаймонов (88 кг), Ѓайратшо Зикруллоев (98 кг) биринҷӣ гирифтанд. Дар категорияи М3 Ҷаҳонгир Сулаймонов (88 кг) ва Абдулҳамид Раҳимов (98 кг) ҷойи аввал, Фаридун Устопиров (+98 кг) ҷойи дуюм, Муҳаммад Маҳмадрасулов (64 кг), Фахриддин Амиршоев, Ҷобир Назаров (71 кг) ҷойи сеюмро сазовор гардиданд.
Дар категорияи М4 Баҳриддин Ҷамолов (64 кг), Фарҳод Раҳматуллоев (88 кг) ба гирифтани медали тило, Абдураҳмон Абдуллоев (71 кг), Хуршед Норов (79 кг), Хуршед Каримов (88 кг) нуқра ва Зайниддин Мақсудов (79 кг) ба дарёфти медали биринҷӣ мушарраф шуданд.
Дар категорияи М5 Умар Холиқов (64 кг), Шавкат Дадабоев (+98 кг) нуқра, Хушвахт Дустумбоев (71 кг), Маҳмадулло Давлатов (79 кг), Қиёмиддин Хоҷаев (88 кг) Шариф Қурбонов (+98 кг) биринҷӣ, дар категорияи М6 Саламшо Муҳаббатов (98 кг), Хайрулло Назриев (+98 кг) тило, Фарҳод Ризозода (98 кг) нуқра, Умар Сафаров (64 кг), Пулодҷон Файзиев (71 кг) биринҷӣ ва дар категорияи М7 Маҳмадшариф Сулаймонов (88 кг), Зайдулло Қурбонов (98 кг) тило, Баллаҷон Шарипов (88 кг) нуқра, Қурбонхон Шоев (71 кг), Назриддин Саноев (79 кг), Холмирзо Маҳмадалиев (+98 кг) биринҷӣ ба даст оварданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ