100 соли бе Бухоро

Русия ба Осиёи Марказӣ чӣ дод?

100 сол қабл, 2 сентябри соли 1920 дар Аморати Бухоро Инқилоби Октябр ғалаб кард, аниқтараш аморат аз ҷониби Аскарони Сурх тасарруф гардид ва дар ҳаёти Осиёи Марказӣ саҳифаи нав оғоз шуд…

Профессор Намоз Басарович ҲОТАМОВ, ки зиёда аз 50 сол фарҷоми Аморати Бухоро ва мустақар шудани Ҳокимияти Шӯравиро дар Осиёи Миёна меомӯзад, зимни як суҳбат бо “Тоҷикистон” чанд омилеро номбар кард, ки ба ғасби Аморати Бухоро оварда расонид.

Амир Олимхон муқобили Ленин

— То ҳодисаҳои 2 сентябри соли 1920 миёни Аморати Бухоро ва Русия 3 шартнома имзо шуд: Якум, шартномаи тиҷорат, дуюм, шартномаи Зирабулоқ ва сеюм шартномаи дӯстӣ. Пас аз бастани ин шартномаҳо амирони Бухоро дар симои подшоҳи рус пушту паноҳ пайдо карданд. Аморати Бухоро, ки ҷумҳурии феодалии ақибмонда буд, дар сояи подшоҳи рус ба мавҷудияти худ идома медод. Вале бо сарнагун шудани подшоҳи рус амир  Олимхон пушту паноҳро аз даст дод ва ба гуфти устод Айнӣ «дасту пой гум кард”. Пас аз он ки дар Русия ҳукумати муваққатии буржуазӣ барҳам дода шуд ва Инқилоби Октябр ғалаба кард, Амир Олимхон бе ягон калавиш ба зидди Ҳукумати Шӯравӣ баромад…

Пароканда лашкар наояд ба кор

Ба гуфти ин муаррихи маъруфи тоҷик, фаъолони Бухоро дар симои  ҷавонбухороиён пас аз намоиши “Шукрона” пурра бар зидди низоми амирӣ шуданд ва Амир Олимхон дар дохил низ пушту паноҳе надошт.

— Пас аз он ки Амир Олимхон бемуттакко монд, маҷбур шуд, ки ба талаби ҷавонбухороиён гӯш диҳад ва барои гузаронидани ислоҳот розӣ шавад. Аммо санаи 8 апрел вақте ҷавонбухороиён бо шиори “Зинда бод, амири ислоҳотгар Амир Олимхон” ба кӯча баромаданд, ғайричашмдошт ба мухолифони ислоҳот рӯ ба рӯ шуданд. Ҳамин тавр, намоиш ба ошӯб табдил ёфт ва ҷавонбухороиён села-села ба ҳабс гирифта шуданд. Ин сабаб шуд, ки Олимхон аз боварии ҷавонони фаъолу равшанфикри Бухоро баромад. Ҷавонони бухороӣ барномаҳои сиёсӣ тарҳрезӣ мекарданд. Соли 1918 ҳизби сотсиал-инқилобчӣ ташкил шуд, ки ақоиди эссерчиёнро тарафдорӣ мекард. Баъдан, 86 нафари инҳо Ҳизби коммунистии Бухороро ташкил доданд. Аввали соли 1920 Файзулло Хоҷаев аз қисми дигари ҷавонон ҳизби ҷавонбухороиёни инқилобчиро ташкил кард. Ин гурӯҳҳо фаъол буданд,  ҳатто отряд ташикл карданд, барномаҳои сиёсӣ доштанд, вале бо ҳам тифоқ набуданд… Ҳамин сабаб шуд, ки зимни амалиёти Бухоро неруи онҳо истифода нашуд, зеро Фрунзе хуб медонист, ки онҳо барои инқилоб омомда нестанд.

Се иштибоҳ

Намоз Ҳотамов андешаи 70-солаи муаррихони шӯравӣ – Ғалабаи Инқилоби Октябрро дар Бухоро рад мекунад. Ӯ бар он ақида аст, ки Аскарони Сурх, бухороро забт карданд: 

— Тобистони соли 1920 аллакай дар Туркистон ҳаракатҳои зиддишӯравӣ ба охир расиданд ва Бухоро ягона устухон дар гулӯи Аскарони Сурх буд. Бинобар ин, Михаил Фрунзе нақшаи ҳамла ба Бухороро кашид. Мутобиқи нақшаи тарҳрезишуда забти Бухоро шаби 28 ба 29 август аз тасарруфи Чорҷӯй оғоз мешуд, то ки амир гурехта ба Афғонистон наравад. Аммо дар ин миён чанд нуқтаро бояд махсус таъкид намоям:

1. Қабл аз он, ки амалиёти Бухоро оғоз шавад, бо сарвари Кӯйбишев сохтори давлатдории Бухорои оянда тарҳрезӣ шуд. Шоир Аҳмадҷони Ҳамдӣ роҳбари ҷумҳурии оянда ва раиси ҳукумат Файзулло Хоҷаев таъин шуданд. Аммо вақте нақшаи забти Бухороро тасдиқ кардан Ҳамдӣ ба он имзо нагузошт. Ӯро  бо айроплан бомбаборон кардани шаҳр мушавваш намуд. “Чӣ тавр шаҳри таърихиро ба хок яксон мекунед?”-гуфта суол ба миён гузошт. Бинобар ин, ӯро аз вазифа барканор карданд. Вале Файзулло Хоҷаев ба ҳуҷҷат имзо гузошт.

2. Чорҷӯйро бояд отряди туркманӣ (аз ҳисоби туркманҳо) ва мусламонӣ (аз ҳисоби тоҷикону ӯзбекҳо) забт мекард. Ин ду отряд соати сеи шаби 28 август бояд ба амалиёт оғоз мекарданд. Вале торикиро баҳона карда, амалиётро оғоз накарданд, субҳро интизор шуда, хобиданд. Вақте Аскарони Сурх омаданд, ин ду отряди хобидаро аз амалиёт барканор намуданд. Амалиёти Чорҷӯйро Аскарони Сурх амалӣ намуданд.

3. Саҳарии 29-ум амалиёти ҷангӣ дар дарвозаҳои Бухоро шурӯъ шуд. Муҳориба дар назди дарвозаи Қаршӣ сурат мегирифт. Дар байни Аскарони Сурх Полки мусалмонӣ буд, ки ин амалиётро бояд оғоз мекард, вале ин полк дар дақиқаҳои аввал шикаст хӯрд.

Ҳамин тавр, амалиёти забти Бухороро Аскарони Сурх пурра иҷро карданд. Мусалмонон ва тоҷикон дар забти Бухоро ширкат накарданд. Маҳз ҳамин сабаб шуд, ки шаҳр бераҳмона валангор шуд.  Ҷанг аз 29-уми август то 2 сентябр давом кард.  11 тайёра 170 бомабаро ба шаҳр партофт. Шаҳр валангор, нафарони зиёд кушта шуданд. Маъхазҳо шаҳодат медиҳанд, ки 20 рӯз ҷасад гӯр карданд. Ҳамин тавр, санаи 2 сентябр Аморати Бухоро пурра аз ҷониби русҳо забт шуд. Бале, забт, зеро дар муҳорибаҳо унсури инқилоб, ки ошӯби халқист мушоҳида намешавад…

Тақдири Амир чӣ шуд?

Ба ин савол Намоз Басарович чунин посух медиҳад:

-Санаи 30-юми август Амир Олимхон аз дарвозаи самарқандӣ гурехта, ба Ситорамоҳихоса меояд ва чизу чораашро гирифта, ба Ғиждувон меравад ва дар хонаи Абдуллобойбача мехобад. Устод Айнӣ менависад, ки ҳоли ӯ табоҳ буд ва тавони аспсавориро надошт, бинобар ин, дар ин ҷо барои ӯ арроба омода мекунанд ва ӯ ба воситаи Соктаре аз дарёи Зарафшон мегузарад. Амир дар Бухорои Шарқӣ 6 моҳ истод, вале пас аз таъсиси Отряди эъзомии Ҳисор ва забти Бухорои Шарқӣ аз ҷониби Аскарони Сурх ӯ санаи 4 март ба Афғонистон фирор мекунад…

Олимхон — амири доно, вале…

Бо вуҷуди он ки Амир Олимхон мағлуб шуд, ҳамсуҳбати мо ӯро чун инсони донишманд тасвир мекунад. Пас иштибоҳи ӯ чӣ буд?

-Сайид Амир Олимхон хеле ва хеле одами донишманд буд. Дар  Санкт-Петербург таҳсил карда, забони русиро хуб медонист. Вале ӯ  тарафдори иртиҷоиён шуд. Ин иштибоҳи ӯ буд. Вай бо вуҷуди дониши кофӣ доштан вазъ сиёсиро таҳлил карда натавонист. Агар ӯ дурандешӣ мекард, шояд тақдири Бухоро дигар мешуд. Албатта, шомил шудани он ба Ҳокимияти Шӯравӣ ногузир буд, вале бо ин ҳама қатлу ғорат анҷом намеёфт. Тақдири ӯ ҳам бад намешуд. Мо медонем, ки дар Афғонистон Амир Олимхон рӯзгори хуб надошт. Амири гуреза чӣ рӯзгор ҳам дошта метавонист? Бо вуҷуди он ки Афғонистон барои вай ҷойи иқомат ва нафақа таъин карда буд, вале ӯ дар фарҷоми ҳаёт хориву зорӣ кашид.

Чанд маротиба ба ман наздикони Амир Олимхон муроҷиат карданд, ки пешниҳод намоем, ки устухони ӯро оварда, гӯр кунанд. Ман тавсия додам, ки ин корро ҳеҷ гоҳ накунанд, зеро Олимхон ба мардуми тоҷик коре накардааст ва оромгоҳи ӯ барои мо як зарра ҳам арзиш надорад.

Хазинаи Олимхон куҷо шуд?

Яке аз масъалаҳои ҷолиби суқути салтанати Амир Олимхон тақдири хазинаи ӯст. Бархе бар он назаранд, ки ӯ аз дороии хазина бенасиб монд, дигарон мегӯянд, ки хазина аз ибтидо холӣ буд. Чанд сол қабл ҳатто мақолае  ба ин мазмун чоп шуд, ки амир ҳангоми фирор хазинаашро дар ҳудуди имрӯзи Файзобод гӯр кардааст.  Профессор Намоз Ҳотамов бошад, сарнавишти хазинаро чунин шарҳ медиҳад: 

-Амир аз хазинаи асосиаш, ки дар арк ҷойгир аст, чизе гирифта натавонист, зеро саросема гурехт. Суоле сар мезанад, ки хазина чӣ қадар дороӣ дошт? Посух медиҳам — Хеле ва хеле зиёд! Ин хазина аз даврони муғулҳо, аз замони салтанати Масъудбек ҷамъ шуда буд. Баъдан, давра-ба давра ҳазина мешуд. Русҳо ҳамаро гирифта, тариқи  поезд ба Маскав интиқол доданд. Ин дороии хеле калон буд. Ман ба шумо фақат пули коғазии бонки Бухороро мисол меорам, ки пули 2 миллион сар гову асп буд.

Амир ҳамроҳи худ чизеро бурда натавонист. Аз Ситорамоҳихоса каме тилову танга гирифт, ки насибаш накарданд. Тавре гуфтем, ӯ тариқи ароба ҳаракат мекард. Аскарони сурх аз пасаш буданд. Барои он ки онҳо наздик нашаванд, аз ҷувол тангаи тилло мерехтанд, то онҳоро саргарм намоянд. Яъне, то дарёи Зарафшон амир аллакай чизе надошт. Тиллоҳои боқимонда дар Зарафшон рехт. Солҳои 50-60-ум вақти сохтани пул баъзеи тангаҳо пайдо шуданд.  

Қадами (но) муборак!

Айни замон дар шабакаҳои иҷтимоӣ суоле чарх мезанад: «Забти Осиёи Миёна аз ҷониби русҳо ба фоидаи мо анҷомид ё зарари мо?». Яъне қадами русҳо ба сарзамини мо муборак буд ё номуборак? Ҳамсуҳбати мо онро падидаи мусбат арзёбӣ мекунад:

-Ҷиҳати манфии забти Осиёи Миёна аз ҷониби русҳо аз байн рафтани истиқлолияти давлатҳои маҳаллӣ аст. Ҷиҳати мусбат он аст, дар Осиёи Миёна оромӣ ба вуҷуд омад. Ҷангҳои худӣ аз байн рафт. Осиёи Миёнаи қафомонда ба доираи муносибати сармоядорӣ кашида шуд. Роҳҳо, роҳи оҳан, мактаб китобу дорухона ба вуҷуд омаданд.  Тартиботи амириву феодалӣ ба мо чизе дода наметавонист. Забти Осиёи Миёна аз ҷониби русҳо аз ҳар ҷиҳат ба фоидаи мо анҷомид…

Сарнавишти тоҷикон

Аксари аҳли назар сарнавишти талхи тоҷикон дар асри ХХ – табартақсими ноадолатона, истисмори фарҳангӣ ва ғайраро бо ҷурми русҳо арзёбӣ мекунанд, вале Намоз Ҳотамов дар ин фоҷеаҳо худи тоҷиконро гунаҳкор медонад:

-Дар охири асри ХIХ ва аввали асри ХХ дар Осиёи Миёна ҳаракатҳои туркпарастӣ оғоз шуд, ки  ташвиқотчиёни асосӣ ва иштирокчиёни он худи тоҷикон буданд. Барои мисол Фитрат, Файзулло Хоҷаев ва Абдулло Раҳимбоев…  Аслан ягон  нафар тоҷик, ӯзбек ё туркман масъалаи ташкили давлати миллиро нагузоштааст. Ин сиёсати миллӣ аз тарафи ҳизби болшевкии Русия, дар асоси барномае, ки Ленин таҳия карда буд, амалӣ мешуд. Ин нақша дар зеҳни Ленин аз куҷо пайдо шуд? Рисқулови қазоқ ба Ленин менависад, ки Туркистонро ба ӯзбекия қирғизия ва туркмания тақсим кардан зарур аст.  Дар асоси ҳамин Ленин дастур ирсол мекунад. Аммо Абдулло Раҳимбоев ва Файзулло Хоҷаев, ки бевосита бо Ленин иртибот доштанд, барои бартараф кардани ин иштибоҳ коре накарданд. Баръакс, сарвари Ҳукумати Бухоро Файзулло Хоҷаев соли 1921 забони давлатиро туркӣ эълон кард ва рӯйирост барои тоҷикон таъқиб ҷорӣ кард. Яъне, хиёнат аз ҷониби мо сурат гирифт… Инқилоби Октябр ё таъсиси Ҳокимияти Шӯравӣ дар ин ҷо айбе надорад. Ин аз нотиффоқӣ, бегонапарастӣ ва худношиносии миллати тоҷик аст, ки собиқаи пешина дорад.

Одил Нозир

“Тоҷикистон”

P.S. Зодрӯзи профессор Намоз Ҳотамови бухороӣ мусовӣ ба санаи забти Бухоро аз ҷониби русҳо аст. Бо умеди сиҳатии комил ва умри дарозу саодати рӯзгор устодро ба зодрӯзашон табрик мегӯем.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *