120 гирифтори илтиҳоби шуш дар ВМКБ
Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ дар ҷаласаи ахири Ситоди вилоятӣ барои пешгирии бемории коранавирус гузориш дод, ки беш аз 120 нафар гирифтори илтиҳоби шуш дар беморхонаҳои вилоят бистарӣ шудаанд.
Бино ба иттили Файзов аз 120 гирифтори бемории шуш гардида 14 нафарашон пурра шифо ёфта аз бемористон мураххас шудаанд.
Ба иттилои котибот, Ёдгор Файзов аз он изҳори нигарони кард, ки шумораи зиёди сокинон барои дидорбинии маризон меоянд, ки дар шароити феълӣ ин амал боиси боз ҳам бештар зиёд шудани шумораи гирифторони маризӣ мешавад.
Бо назардошти ин,раиси ВМКБ аз роҳбарияти ширкати “Тсел” хостааст, дар ҳудуди беморхонаи вилоятӣ шабакаи “wi fi”-ро таъмин намояд, то ниёзмандону беморон бо хешу пайвандони худ робитаи мустақим дошта бошанд. Масъулини ширкат изҳор доштаанд, ки дар кӯтоҳтарин фурсат ин супориши роҳбарияти вилоятро иҷро хоҳанд кард.
Файзов дар ҷаласаи ситод дар хитоб ба сокинони вилоят илтимос кард, ки аз баромадан ба кӯчаҳо худдорӣ намоянд, фосилаи на кам аз 1,5-метр ва гигиенаи шахсиро риоя намоянд.
Тибқи иттилои котибот, Ёдгор Файзов ҳамроҳ бо муовинонаш маоши якмоҳаи худро барои дастгирии табибон ба суратҳисоби беморхонаи вилоятӣ гузаронда, аз шахсони саховатманду соҳибкорон даъват кардаанд, ки дар чунин рӯзҳои мушкил беморону табибонро дастгирӣ намоянд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ