Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Дар Бадахшон шахсони аз Душанбе омадаро табибон пешвоз мегиранд

Дар даромадгоҳи ВМКБ шахсони аз Душанбе омадаро табибон пешвоз мегиранд: таби онҳоро санҷида, ба ҷудо нигаҳдории худ муддати 14 рӯз уҳдадор мекунанд.

Тавре масъулин аз Ҳукумати ВМКБ хабар додаанд, бо ин шахсон ҳамчунин, дар бораи тадбирҳои пешгирии сирояти коронавирус корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд.
“Ҳарорати бадани шаҳрвандоне, ки аз пойтахт ба вилоят меоянд, санҷида шуда, онҳоро ба ҷудо нигаҳдории худ (худинзиво) ба муҳлати 14 рӯз вазифадор мекунанд. Агар пас аз анҷоми муҳлат аломатҳои беморӣ ошкор нашаванд, онҳо метавонанд ба кор бароянд ё дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳузур дошта бошанд”, — мегӯяд манбаи “Азия плюс” аз ҳукумати вилоят.
Ба иттилои манбаъ, то имрӯз дар шаҳрвандони аз Душанбе омада таби баланд ё дигар аломатҳои беморӣ ба қайд гирифта нашудааст. Дар Тоҷикистон то имрӯз ягон мавриди гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашудаааст. Аммо тадбирҳои пешгирӣ ба хотири таъмини солимӣ ва некӯаҳволии мардум пурзӯр мегардад.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.