Устодони ДМТ хона ба хона гашта, оқибатҳои коронавирусро мефаҳмонанд

Устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо намояндагони мақомоти шаҳри Душанбе хона ба хона гашта, ба сокинон дар пешгирии бемории сироятии коронавирус корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.

Чорабинии тарғиботии фаҳмондадиҳӣ дар кӯчаи Ҳисор Муҳаммадии ноҳияи Шоҳмансур, ки 560 ҳуҷраро фаро мегирифт, доир шуд. Асосан, дар ин вохӯриҳои фаҳмондадиҳӣ кормандони шӯъбаи тарбия ва муовинони тарбияи факултетҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, таҳти роҳбарии Ҳикматулло Саидов, Абдурабӣ Рабизода ва Илҳомиддин Ашуров сафарбар шуда буданд. Ба сокинони биноҳои истиқоматӣ ва гузаргоҳҳои кӯчаи Ҳисор Муҳаммадӣ варақаҳои иттилоотӣ оид ба пешгирии коронавирус ва ниқобҳо тақсим карда шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *